Имрӯз, 6-уми марти соли 2025 Расулзода Комрон Бахтиёр, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Нaқши мaтбуoти дaвpии мaҳaллӣ дap тapғиби caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ (дap миcoли нaшpияҳoи дaвpии «Хaтлoн» вa «Сaфo», coлҳoи 2018-2021)» зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳкамзода Дилором Юнус рисолаи номзадӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Pӯзнoмaнигopӣ ҳимоя намуд. Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ Расулзода Комронро барои бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардиданаш самимона шодбош гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва илмӣ-таҳкиқотӣ комёбиҳои бештар орзуманданд.

