Модар сароғози зиндагӣ, чашмаи муҳаббат, неруи безавол ва нахустин мураббии инсон аст. Нури замин аз нури модарон, файзи зиндагӣ аз файзу баракати онҳо ва назокати дунё аз назокати модарон аст. Дунё бо фарзандони модарон ободу бардавом аст. Қувваи ҷозибаи меҳри модарон ончунон тавоност, ки гӯё оҳанрабост.
Хушоянд аст, ки Рӯзи модар аз фаро расидани фасли баҳор ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо эҳсоси гарм истиқбол гирифта, бузургии зан-модарро ситоиш мекунем ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меорем.
Дар сатҳи давлатӣ ва шукуҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба занон мебошад, зеро нақши занону бонувон ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободии хонадон, тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Дар робита ба ин, интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қабул ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, стратегия ва консепсияҳои миллӣ, ки нақши занонро дар мақоми роҳбарӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила қавӣ мегардонад, далели возеҳ ба ин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд, ки “Мо занону бонувонро ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дастгирӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, айни замон дар вилоят 14 394 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамояд.
Бегуфтугӯ, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, он ҷомеа босуръат пеш хоҳад рафт ва дар он шумораи зиёди фарзандони босавод тарбия хоҳанд ёфт.
Дар ин баробар, саҳми занон дар рушди илми муосири вилояти Хатлон назаррас буда, онҳо бо сайқал додани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши муассир доранд. Дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят айни замон аз ҳисоби занон 111 олим, аз ҷумла 4 доктори илм, профессор ва 26 дотсент фаъолият менамоянд, ки боиси ифтихор аст.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуқтасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор аст.
Хушбахтона, модарони мо бо эҳсоси баланд дарк менамоянд, ки рисолати онҳо ин пеш аз ҳама тарбияи фарзандони босаводу донишманд аст, ки анҷоми ин рисолати олӣ на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Манзури мо татбиқи ҳадафмандонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аст, ки таъмини иҷрои бевоситаи он аз модарон вазифаи муҳимро тақозо менамояд. Зеро нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва маҷмуан дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки чанд соли охир баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, майдони фарохи рақобати зеҳниро ба қишрҳои гуногуни ҷомеа фароҳам намудааст.
Ин воқеият аст, ки фарзанди босавод ифтихори волидайн мебошад ва месазад, ки падару модар барои ба даст овардани ин арзиши бебаҳо бо маърифати баланд дар таълиму тарбияи фарзанд муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
Яке аз омилҳои рӯзгори бонизом ва некӯаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст. Аз ин рӯ, месазад занону модарон бо назардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аст, саҳми бештар дошта бошанд.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша дар меҳвари фаъолияти сиёсати давлатӣ қарор дорад, ҳифзи саломатии модару кӯдак мебошад. Зани солим тавлидгари насли солим аст ва солимии ҷомеа боигарии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, сол то сол шароити хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят беҳтар гардида, дар вилоят 2 Маркази перинаталӣ ва дар шаҳру ноҳияҳо биноҳои нави хизматрасонӣ барои солим ба дунё овардани атфоли навзод фаъолият мекунанд.
Дар иртибот ба ин, занону бонувон низ бояд фарзандони худро ба риояи тозагиву солимӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим ҳамеша талқин намоянд.
Оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рукни муқаддас эътироф гардида, заҳматҳои беназири зан-модар маҳз дар ташкил ва пойдории оила, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ба хотири устувории давлат эҳсос мешавад.
Оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рукни муқаддас эътироф гардида, заҳматҳои беназири зан-модар маҳз дар ташкил ва пойдории оила, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ба хотири устувории давлат эҳсос мешавад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа аввалан аз муносибати ғамхорона нисбат ба зан-модар зоҳир мегардад.
Занону модарон бояд бо муҳаббати беназири худ риштаҳои нозуки пойдории оилаҳоро қавӣ гардонида, ҷавондухтаронро ба ҳаёти мустақилона омода ва ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳамеша онҳоро роҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз авзои сиёсии ҷаҳон хеле ташвишовар аст. Вобаста ба ин, занону модарони мо бо дарки ин таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ вазифадоранд ба фарзандони худ пеш аз ҳама фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро, ки яке аз омилҳои ба миён омадани зуҳуроти хатарзои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мегардад, дуруст омӯхта, аз вазъи илму дониш ва забономӯзии онҳо ғофил набошанд. Зеро дар назди модар масъулияти аз ҳама бузург – тарбияи фарзанд меистад.
Бинобар ин, занону модаронро зарур аст, ки фарзандони худро дар руҳияи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, аз хурдӣ дар ниҳоди онҳо оини меҳанпарастиро бедор намоянд ва дар сафи аввали ҳидояти фарзандон ба хизмати ҳарбӣ мавқеи устувор дошта бошанд. Зеро танҳо модарон қудрату тавон доранд, ки дар ниҳоди фарзандон нангу номуси ватандорӣ андухта, тафаккури миллиро дар зеҳни онҳо ҷой диҳанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ – либоси миллии тоҷикӣ бо унсурҳои хос ва озодагиву иффати занона ҳифзу нигоҳдорӣ ва бо ҷилои нобу тоза дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, зуҳуроти бегонапарастӣ миёни ҷавонон пешгирӣ карда шавад.
Вобаста ба ин зарур аст, ки чорабиниҳои фарҳангӣ оид ба тарғиби либосҳои миллии мо тақвият бахшида шуда, миёни мардум на танҳо фарҳанги ба бар кардани либос, балки маърифати одобу рафтор, муоширату завқи китобхонӣ бештар талқин карда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар як ташаббус ва иқдомҳои сатҳи баланди занонро ҷонибдорӣ намуда, бо дастгирии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар доираи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занони соҳибкор ва ҳунарманд дар 5 соли охир 114 лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи занон дар самти рушди хоҷагидорӣ, таъсиси гармхонаҳои парвариши лимӯ ва сабзавоткорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 1 500 000 сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ёфта, ин ташаббус минбаъд низ идома дода мешавад.
Табиист, ки тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгорӣ ва лутфу эҳсони шумо аст. Ончунон ки бузургтарин шахсиятҳои таърих – арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи домони поки модар буданд.
Дасти дуои шумо, ки ба хотири тинҷиву осудагии кишвар ва ҳаёти босаодати фарзандони шарафманди тоҷик аз сидқ бардошта мешавад, роҳи садҳо мушкилу сарбастагиро раҳо менамояд.
Намунаи ин симои зебо, ки дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Кӯлоб, дар шакли муҷассамаи “Дуои модар” бунёд ёфтааст, бозгӯи дасту дили пок ва ҳадафу ниятҳои неки шумо барои ояндаи дурахшони сарзамини зебои Тоҷикистон аст.
Мо дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз қарор дорем. Дар ин фасли гулбадомон, ки табиат ҳамсони модарон зебо аст, таҷлили Рӯзи модар бо ҳама таровату зебогӣ хушоянд аст. Таманно менамоем, ки шумо модарони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол сарчашмаи илҳом ва намунаи ифтихори зан ва модари тоҷик бошед ва барои фарзандону наберагон аз мактаби бузурги модар сабақи худафрӯзи омӯзед. Зеро модари хуб аз сад устод ва омӯзгор бартарӣ дорад.
Анзурат Абдусаломзода,
муовини раиси вилояти Хатлон
муовини раиси вилояти Хатлон