Холмуродов Фаридун Раҷабалиевич – номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори кафедраи педагогикаи факултети педагогика ва варзиши МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳад ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақомоти роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Ҳукумати мамлакат, ба хусус Президенти кишвар, ба занон ва беҳбудии шароити кору зиндагии онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯзҳо модарон ва бонувони тоҷик қадам ба сӯи комёбӣ ниҳода, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа софдилона кору фаъолият менамоянд ва дар пешрафту рушди Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заковати азали ва неруи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
Кист зан? ӯ модар асту тоҷи шоҳӣ бар сар аст,
Модари пайғамбар асту насли ӯ пайғамбар аст.
Модари ман, модари ту, модари олам зан аст,
Зан барои миллату сарлавҳаи ҳар дафтар аст.
Модар! Сапедии рӯзро дар ту мебинам. Покии ҳақиқатро дар андоми ту тамошо мекунам. Модарҷон хеле зиёд дӯстат медорам. Шукри Худованд мекунам, ки Шуморо дорам.
Модар! Эй саросар ҳама меҳр. Поктар аз ҳама покиҳо. Хубтар аз ҳама хубиҳо. Ту насиме ҳасти дар хаёли дилангези субҳ, парастуе, ҳасти дар осмони хушбахтӣ.
Иди саидат модар, оғози навбаҳорон,
Оғози хандаи гул бо гиряҳои борон.
Табрику орзуям дар ҷашни ту ҳамин аст,
Поянда боши чун кӯҳ, ҷори чун обшорон.
Модар! Ту он чашмаи ҷушони ҳаёте, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонӣ.
Ту он моҳи дурахшони, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираи моро равшан месози. Офтоб аз лабханди ту тулӯъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки ту мешукуфад.
Абр аз завқи ту меборад ва дарё бо ишқи ту мавҷ мезанад. зиндагӣ аз ту оғоз мешавад. Модар бе ту ҳастии дунё маъно надорад.
Дар пеши пои модари худ саҷда мекунам,
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам.
Сано ба модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Эй модар! Эй офаридгори ман ту суруди беҳтарини манӣ, дунёи ман бо ту рангин аст гулҳои чаманам хандарез ва тоҷи сари ман гулбез аст.
Модар! То ту ҳастӣ, ҳастии ман зебост.
Модар сарвату дунёи қалбам ва зиннати зиндагиам ҳастӣ.
Модар ин ту ҳасти, ки фарзанди ба ҷону дил ба дунё овардаатро бо меҳру муҳаббати зиёд дар руҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи намунавӣ бо насиҳатҳои пандомез ба воя расонида, барои хизмат ба халқу ватан омода менамоӣ.
Модар тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос бар души туст.
Рисолати инсон дар зиндагӣ зистан, офаридан ва аз худ мерос ё нақше гузоштан аст. Мерос фарзандон, нақш ободӣ, созандагӣ ва тарбияи насл аст. Нақши модар дар омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар ту чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд ҳасти.
Модар! Ту олами афсона, дунёи тарона ва билохира баландтарин шеър ҳастӣ.
Модар! Чераи дилкашат дар нури моҳтоб муҷаллост.
Модар! Муҳаббати беназиратро аз меҳри офтоб, аз фурӯғи моҳтоб, аз қатраи ҷонбахши об ва аз бӯи муаттари гулҳо эҳсос мекунам.
Модар! Қиматтарин дороӣ ва ганҷи дунё бароят фарзанд аст.
Модар! Сарчашмаи меҳру вафо
Модар! Олиҳаи зебоӣ
Модар! Нахустин мураббӣ
Модар! Тору пуди ту аз меҳру садоқат бофта шудааст
Модар! Худ гул ва баҳори зиндагии башар
Нахоҳам хорию зорӣ бубинӣ,
Нахоҳам заҳри нодорӣ бубинӣ,
Нахоҳам ашки чашмонат ба олам,
Нахоҳам рӯзи ночорӣ бубинӣ
Бихоҳам хандаҳои дилписандат,
Бихоҳам бахту иқболи баландат.
Бихоҳаммодари ҷонам ҳамеша
шунидан лафзи ширини чу қандат.
Бихоҳам зеби дунёям ту бошӣ,
Калиди бахти тиллоям ту бошӣ.
Ба болои сарам бо меҳрубонӣ,
Насиҳатгӯи зебоям ту бошӣ.
Дилат сарчашмаи меҳри ҷаҳон аст,
Вуҷудат ҳастии ҳар хонадон аст.
Таманнои онро дорам, ки модар ҳамеша муқаддасу бузург бимонӣ.
