СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ, ПРОФЕССОР ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Модарони гиромиқадр ва бонувони меҳрубон!
Инак, боз иди зебою фараҳбахши 8-уми март фаро мерасад, ки аз оғози фасли баҳори нозанин мужда медиҳад. Бисёр рамзист, ки фасли баҳору иди модарони мушфиқу меҳрубони мо ба ҳам пайвастагии сахт доранд, зеро ҳарду хосияти эҳёгарию ҳаётбахширо доранд ва ҳарду сарчашмаи ҳаёту зиндагианд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо – кулли модарон ва занону бонувони иззатмандро ба муносибати Рӯзи Модар ва айёми истиқболи баҳори хуҷастапай самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Воқеан, занону модарон оинаи беғубор, инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат мебошанд. Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занону бонувон эҳтироми беандоза зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақомоти роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ доир ба саҳму мавқеи бонувон бо итминон иброз доштанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Ҳамзамон бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг ва 37 фоизи олимонро бонувону занон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд, ки аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дарак медиҳанд.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – Модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар баробари мардон занону бонувон фаъолият доранд, ки аз се як ҳиссаи кормандонро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 3 нафар бонувон соҳиби дараҷаи доктори илм, 43 нафар соҳиби дараҷаи номзади илм мебошанд, ки мо бо номи онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо дар таълиму тарбия, дар пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва дар ободонию созандагии донишгоҳ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд!
Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон ва бонувонро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!