Ба оғози фасли зебои баҳору эҳёи табиат ва андар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани “Рӯзи модар” ҳикматҳои пурмаънии худро дорад, ки аз шахсияти беназиру хизматҳои бузурги модарон дарак медиҳад. Зеро модар ин офаридаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас сарчашмаи ҳаёти инсон ва беҳтарин мактаби тарбияву ташаккули инсон маҳсуб меёбад.
Ба инобати бузургии модарон ва нақши меҳварии онҳо дар тарбияву ба воя расонидани насли башарият, давоми солҳои Истиқлоли кишварамон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи модар” ҳамчун санаи эҳтирому арҷгузорӣ ба модарону бонувон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Модар шахсияти бузургест, ки зиндагӣ аз домони поки ӯ ибтидо гирифта, бо шарофати ҳастии модарон фарзандони онҳо нуру зиёи олам ва гармиву муҳаббат ба зиндагиро эҳсос менамоянд.
Бо дуову ҳидояти модар дар зиндагӣ саодатманду накӯном гардида, бо хизматҳои арзандаи худ номбардори миллату Ватани хеш мегарданд. Аз ин рӯ, ҳадиси мубораки Пайғамбари ислом (с) – “Биҳишт зери қудуми модарон аст” ҳамчун нури ҳидоят барои инсоният аст, ки бояд зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд. Бинобар ин, қадрдониву эҳтиром нисбати модарон рисолат ва ҳам қарзи ҳар яки мо дар зиндагист.
Гарчанде ки агар мо умре дар хизмати волидони худ камари ҳиммат баста, ҳама ҳастии худро барои хушҳоливу ризояти модарон бахшида бошем, вале боз ҳам баробари қатрае аз баҳр ҷавоби ранҷу заҳмати дар ба дунё овардану ба воя расонидани моро ба модаронамон баргардонида наметавонем.
Дар баробари зодану ба воя расонидани фарзандон, ҳамзамон, модарони мо бо фаҳму хиради азалӣ, ҷасорату неруи хастанопазири хеш дар рушду пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ низ нақши пешоҳангӣ мебозанд.
Заҳмати покдилона дар арсаҳои ҷамъиятӣ, саъю талошҳои пайвастаи онҳо ба хотири ҳифзи номи неки хонавода, ободии ватану тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳандӯстӣ, ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ба воя расонидани ҷавонмардоне, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хизмат намуда истодаанд, намунае аз вазифаву масъулиятҳои муҳимест, ки имрӯзҳо модарону бонувони мо аз иҷрои онҳо сарбаландона баромада истодаанд.
Дарвоқеъ ҳам, хизматҳои бузургу мондагори модарон аз мавзуъҳои меҳварии шоирону нависандагони халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пешин адибони классикии мо дар ин мавзуи муҳим барои тарбияи башар ҳазорон асару манзумаҳои оламгирро эҷод бинмудаанд.
Зеро модарони тоҷик аз азал дар тарбияи фарзандони донишманду меҳандӯсту ватанпараст ва нобиғаҳои илму адабиёт намунаи ибрат барои тамоми халқу миллатҳои олам ба ҳисоб рафта, дар масири таърих барои рушду пешрафти ҷаҳон ва ояндаи дурахшону саоддати инсоният нобиғаҳоеро зодаву ба воя расонидаанд, ки бо кашфиётҳои бузургу эҷоди асарҳои беназир машҳури дунё гардидаанд.
Абармардони адабиёти форсу тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони шарафманди миллати мо дар домони поки модарони тоҷик ба воя расидаанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон модарону бонувон ҳамчун неруи созандаву ояндасоз таҳти дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, ҷиҳати илму ҳунаромӯзӣ ва такмили маҳорату касбияти онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Бо шарофати дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлол ҳазорон нафар занону духтарони Тоҷикистон тибқи Квотаҳои президентӣ дар мауссаҳои олии таълимӣ таҳсил намуда, имрӯз дар баробари мардум дар ҷодаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд.
Мо масъулони самти таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҳамкории мустаҳкам бо донишҷӯйдухтарони ин муассисаи таълимӣ, ҳамзамон, ҷавондухтаронро тавассути маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ва гуруҳҳои гуногуни ҳунаромӯзӣ ба ҳам овардаем. Зеро донишҷӯйдухтарони мо дар оянда баробари фаъолиятҳои минбаъдаи касбӣ, ҳамвора, ба унвони модар дар ташкили хонаводаҳои ҷавону тарбияи наслҳои ояндаи онҳо нақши ниҳоят муҳимхоҳанд бозид.
Вобаста ба ин дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои бонувон фаъолият менамояд, ки рисолати он баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои пешигирфтаи мо дар ин самтҳо равона гардидааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам тамоми модарону бонувони Тоҷикистони азизамонро ба муносибати фарорасии “Рӯзи модар” табрику муборакбод гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама, сиҳатмандии бардавом вақти хушу иқболу сарбаландӣ ва дар ҷодаи илму ҳунаромӯзиву фаъолиятҳои пурсамари ояндаашон дастоварду муваффақиятҳои бузург таманно дорам.
Рӯзи модар муборак модарону бонувони азиз!!!
