Имрӯз, 7 – уми марти соли 2025 дар Литсейи донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар фаришта буд” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, директори литсейи
Нориён Зарина Ислом, Сафарова Маҳбуба ва дигар устодон иштирок намуданд.
Нахуст, директори литсейи Нориён Зарина Ислом баромад намуда ҳозиринро ба Рӯзи модар таҳният гуфт.
Дар идома иброз намуд, ки модарон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ фаъолона ширкат намуда саҳми худро дар баробари фаъолият боз ба тарбияи насли наврас мерасонанд.
Чорабини аз қисмати фарҳангӣ ва намоиши шиору овезаҳо газетаҳои деворӣ иборат буд.
Дар идома ба як қатор хонандагони фаъоли литсейи бо ифтихорномаю сипоснома аз ҷониби раёсат тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби хонандагони литсейи барномаи фарҳангӣ омода намуда пешкаши ҳозирин гардид.
Дар охири хонандагон дар васфи модар шеъру сурудҳо қироат намуда хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.



