Дар хобгоҳи донишҷӯён бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ – адабӣ баргузор гардид.
Дар чорабини муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, раиси бонувон Каримова Санавбар ва мутахассиси тарбия Қурбонов Нуралӣ иштирок намуданд.
Сипас, иштирокчиён бори дигар донишҷӯёдухтарону писаронро ба Рӯзи модар табрик намуда иброз доштанд, ки модар натанҳо олиҳаи ҳусн аст, балки офарандаи оламу одам ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯи бояд ба қадри заҳмату талошҳои шабонарӯзии модар бирасем.
Дар чорабини фарҳангӣ – адабӣ донишҷӯдухтарон ва писарон тибқи нақшаи чорабини, ки бахшида ба Рӯзи модар омода гардида баромад намуданд.
Дар охир донишҷӯён дар васфи модар суруду таронаҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд.



