Бузургтарин шахсият дар зиндагии хар як инсон ин модар ба ҳисоб меравад. Махсусан шахсиятҳои рӯи олам аз дарси зиндагӣ, ҳарфӣ муҳаббат, садои самимии модар дарси ибрат гирифта чун шахсият шинохта шудаанд. Модар офарандаи хаёт буда каломаш чун оёти қуръонӣ, панду насиҳаташ чун ҳадисҳои осмонӣ барои варзандон роҳнамо мебошад.
Модар шахсияти бузургест, ки зиндагӣ аз домони поки ӯ ибтидо гирифта, бо шарофати ҳастии модарон фарзандони онҳо нуру зиёи олам ва гармиву муҳаббат ба зиндагиро эҳсос менамоянд.
Бо дуову ҳидояти модар дар зиндагӣ саодатманду накӯном гардида, бо хизматҳои арзандаи худ номбардори миллату Ватани хеш мегарданд. Аз ин рӯ, ҳадиси мубораки Пайғамбари ислом (с) – “Биҳишт зери қудуми модарон аст” ҳамчун нури ҳидоят барои инсоният аст, ки бояд зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.
Гарчанде, ки агар мо умре дар хизмати волидони худ камари ҳиммат баста, ҳама ҳастии худро барои хушҳоливу ризояти модарон бахшида бошем, вале боз ҳам баробари қатрае аз баҳр ҷавоби ранҷу заҳмати якшабаи онҳоро бароварда наметавонем.
Чуноне, ки медонем шоирон ва адибони мо дар васфи зан-модар шеъру касидаҳои бешуморе навиштаанд ба мисоли устод Лоик Шералӣ навиштааст:
Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушош орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахт гушон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар…
Дар васфи модар ҳарфу ҳиҷо гӯйем кам аст, чунки арзандаи ҳама дунёро дороянд. Маҳз бузургии зан-модарон ва нақши меҳварии онҳо дар тарбияву ба воя расонидани насли башарият, давоми солҳои Истиқлоли кишварамон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи модар” ҳамчун санаи эҳтирому арҷгузорӣ ба занону модарон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бори дигар Зан- модарони азиз кишварамонро ба Рӯзи Модарон табрик мегӯям!
Камолова Зулфия, донишҷӯи курси 1- уми ихтисоси журналист- тарҷумонии ДДБ ба номи Носири Хусрав