Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии он мегардад.
Ҳамасола дар кишвар 11-уми март, ҳамчун “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио дар муаррифии давлат ва миллати тоҷик нақши муҳим доранд. Ба ин муносибат мо дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик бо собиқадори соҳа, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии матбуоти тоҷик, дотсенти кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Дилором Маҳкамова мусоҳибае оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандаи рӯзнома мегардонем.
-Сараввал, муаллимаи азиз шуморо ба муносибати таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод мегӯем. Мегуфтед, ки саҳми журналистони имрӯза ё хатмкунандагони соҳаи журналистикаи факултет дар рушди матбуоти муосир чӣ гуна аст?
-Ташаккур, мо медонем, ки дар Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони соҳаи журналистика даҳ мактаби олӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси рӯзноманигорӣ ва журналист – тарҷумон мутахассисон омода мешаванд. Саҳми ҳар як донишгоҳи олӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи журналистика назаррас аст ва ташкил шудани шуъбаи журналистика дар донишгоҳи мо пеш аз ҳама, таъмин кардани ВАО-и вилояти Хатлон бо мутахассисон аст. Хатмкунандаҳои факултети мо аз соли 2005 то инҷониб дар фазои иттилоотии натанҳо вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ва ҳатто дар журналистикаи байналмилалӣ қаламкашӣ мекунанд, натиҷаи он аст, ки мо тавонистем мутахассисонеро омода намоем, ки дар соҳаи журналистикаи кишвар манфиате оварда бошанд. Имрӯз хатмкунандагони соҳаи рузноманигорӣ қариб дар ҳамаи ВАО-и вилоят ҳамкорӣ доранд, ки ин натиҷаи бисёр хуб аст.
-Ба андешаи Шумо барои боз ҳам беҳтару хубтар омода намудани кадрҳои воқеан журналистӣ дар кафедраи рӯзноманигорӣ чӣ тадбирҳоро андешидан мумкин аст?
-Имрӯз мо дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ зиндагӣ дорем. Талаботи замон он аст, ки бояд журналистони имрӯза натанҳо забондон ва идеяи хуб дошта бошанд, балки пешниҳоди мавзуъҳои ҷолибу сареҳ ва ба талаботи аудиторӣ ҷавобгуро интихоб карда тавонанд. Имрӯз бо дастгирии Раёсати донишгоҳ дар кафедраи рӯзноманигорӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои журналистика бунёд ва азнавсозии студияи таълимӣ – таҷрибавӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои технологияҳои муосир ба нақша гирифта шудааст. Раёсат ният дорад, ки студияи нави ҳозиразамони таҷрибавиро барои журналистони оянда бунёд намуда, сифати дарсҳои омӯхтани маҳорати журналистиро баланд бардорад. Дар баробари ин, омӯзгорон низ бояд бозомӯзӣ намуда, худашон аз таҷҳизоту технологияи ҳозиразамон бархӯрдор бошанд. Бо ин восита мо метавонем мутахассисони хуби соҳаи журналистиро омода намуда, дар рушди соҳаи ВАО саҳми назаррас гузорем.
-Дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ба кормандони соҳаи матбуот чӣ таманиёт доред?
-Пеш аз ҳама фикр мекунам, ки журналист новобаста аз он, ки дар кадом навъи ВАО кору фаъолият мекунад, бояд рисолати журналистии худро фаромӯш накунад. Вай бояд ҳақиқатро гӯяд, маводеро нашр кунад, ки ба нафъи ҷомеа созгор бошад. Журналист набояд манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорад. Мо, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот қарор дорем, барои ҳамаашон пеш аз ҳама, қалами буррою созанда ва илҳоми эҷод таманно мекунам.
-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!
Мусоҳиб: Хайрулло Саъдуллоев, “Фурӯғ”
