Китоб манбаи асосии маънавии инсон буда ҳангоми мутолиа намудан аз он маълумоти зарури гирифта инсон ботини худро ба воситаи китоб ғанӣ мегардонад. Китоб аст, ки таъриху тамаддуни инсоният дар он ҳифзу нигаҳдори шуда мавриди таҳлилу баррасии олимону донишмандон қарор гирифтааст. Зеро ҳангоми мутолиа намудан дарк мекунед, ки дунёи наверо барои худ кашф намудед.
Ҳатто бузургон дар васфи китоб ва хондани китоб назару ақидаҳои гуногуни ҷолиберо баён намуданд. Барои мисол М.Горкйи чунин мегуяд: “Китобро дӯст доред, китоб ҳаёти шуморо сабук мегардонад, барои пайдо кардани сари фикру андеша ва ҳодисаҳои сарбаста дӯстона кӯмак мекунад, ба шумо эҳтиром кардани инсон ва худи шуморо меомӯзонад, ақлу дили шуморо бо ҳисси муҳаббат ба олам ва инсоният пару бол мебахшад”.
Дар ашъори адибону нависандагони тоҷик низ дар ситоиши китоб ва хондани китоб назарҳои гуногуне баён гардидааст.
Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китоб ва манзалати он чунин гуфтааст: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.
Бо ин мақсад Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» – ро роҳандози намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, инсондӯстӣ, донистани таъриху фарҳанги миллӣ равона гардидааст.
Ва ҳамчунин 4 – уми декабри 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар дар маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда буданд, буданд соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон намуданд.
Албатта ин ҳама тадбиру талошҳо барои боз ҳам беҳтар намудани завқу рағбати ҷавонон ба хондани китоби илмию бадеӣ ва аз миёни онҳо дарёфти чеҳраҳои нав ихтироъкорону муҳандисон мебошад.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мавқеи китоб ва китобхонро дар ҷомеа баланд бардошта аст.
Дар замони инкишофи технологияи инноватсионӣ қарор дорем.Аммо бархе бар ин боваранд, ки зеҳни сунъӣ метавонад ҷойи зеҳни инсонро бигирад.Вале ман барин боварам, ки зеҳни сунъиро инсон сохтааст, ки дар асоси додаҳои интернетӣ ( ба мисоли вебсайтҳо) амал мекунад.
Бо ин мақасд аз мо ҷавонон тақозо карда мешавад, ки мудом омӯзем ва ба ватану миллат хизмат намоем, то ин ки ягон зеҳни сунъии сохтаи инсоният ҷойи китобу ҷойи зеҳни моро нагирад.