Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик санаи 11-уми марти соли равон дар кохи фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан намуда, бо сармуҳаррирони нашрияҳо доир ба вазъи ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат намуд.
Дар қатори дигар ВАО-и вилоят нашрияи “Фурӯғ” дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок намуда, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро муаррифӣ намуд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирокдоронро аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид табрик намуда, иброз дошт, ки саҳми Васоити ахбори омма дар инъикоси муҳимтарин руйдодҳои ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлоли Тоҷикистон назаррас аст.
Иброз гардид, ки таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик ин рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони ВАО мебошад. Имрӯз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварро бе фаъолияти ВАО тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии пуртазод дар назди кормандони ВАО масъулияти бузург меистад ва онҳоро зарур аст, ки дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ, инъикоси васеи корҳои ободонию созандагии вилоят ва дигар дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолу пешсаф бошанд.
Баъдан, маросими ҷамъбасти озмуни вилоятии “Неруи сухан” дар соли 2024 баргузор гардид, ки беҳтарин нашрияҳо ва маҷалалҳо қадрдонӣ шуданд. Нашрияи “Фурӯғ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “НЕРУИ СУХАН” дар соли 2024 аз рӯйи номиннатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” ҳисобида шуда, бо Дипломи дараҷаи 3 қадрдонӣ гардид.
#Неруи_ сухан



