Ҷашни Наврӯз, ки ҳамасола 21-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллию байналмилалӣ ба шумор меравад. Наврӯз на танҳо таҷлили фарорасии баҳор, балки рамзи эҳё, тозашавӣ ва оғози ҳаёти нав мебошад. Дар илми равоншиносӣ, Наврӯз ҳамчун воситаи таъсирбахш дар рушди шахсият ва беҳбудии равонии инсон баррасӣ мегардад.
Эҳёи рӯҳия ва энергетикаи шахсият: Тағйирёбии фаслҳо ва оғози баҳор боиси эҳёи нерӯи ҳаётӣ мегардад. Ин ҳолат рӯҳияи мусбӣ ва эҳсоси навсозиро ба вуҷуд меорад, ки барои беҳбудии равонии шахс муҳим аст.
Пойдории робитаҳои иҷтимоӣ: Ҷашни Наврӯз бо вохӯрии хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон ҳамроҳ аст. Ин раванд эҳсоси дастгирӣ, ҳамраъйӣ ва иттиҳодро ташаккул медиҳад, ки ба коҳиш додани сатҳи стресс ва изтироб мусоидат мекунад.
Тозагии равонӣ тавассути расму оинҳо: Расму оинҳои поккорӣ ва тартибдиҳӣ на танҳо манзилро тоза мекунанд, балки равони инсонро низ аз фикрҳои манфӣ пок месозанд. Тозагии муҳит ба тозагии фикр ва ҳиссиёти мусбат мусоидат мекунад.
Тақвияти худшиносӣ ва ҳадафгузорӣ:
Дар Наврӯз одамон тибқи анъана нақшаҳои навро тарҳрези намуда ба худ мақсадҳои тоза мегузоранд. Ин амал ба рушди худшиносӣ ва муайян намудани афзалиятҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад.
Маърифати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ: Наврӯз арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро зинда медорад, ки барои ташаккули ҳувияти шахсият нақши калидӣ мебозад. Шинохти таърихи фарҳангӣ ва гиромидошти арзишҳои аҷдодӣ ҳисси ифтихор ва худшиносиро қавӣ мекунад.
Наврӯз ҳамчун иди эҳё ва навсозӣ на танҳо аҳамияти фарҳангӣ дорад, балки таъсири амиқи равонӣ ва психологии худро низ дорост. Баргузории расму оинҳои Наврӯз на танҳо рӯҳияро баланд мебардорад, балки ба рушди шахсӣ, пойдории робитаҳои иҷтимоӣ ва беҳбудии равонӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши таъсири Наврӯз дар равоншиносӣ на танҳо барои таҳқиқоти илмӣ, балки барои амалияи равоншиносӣ низ арзишманд аст.
Нуралиев Мансур Исматуллоевич, н.и.п., омӯзгори кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
