БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” Posted on 2025-03-122025-03-13 By saidov Имрӯз 12 – марти соли 2025 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои гузаронидани даври муассисавии озмунии ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессори донишгоҳ Тағаймуродов Рустам, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Нориён Фирдавс, декани факултети филологияи тоҷик Ҳакимов Саъдулло, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Аҳмадов Сафармад роҳбарони раёсат, аъзои ҳакамон ва довталабони озмун иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин баромад намуда иброз дошт, ки ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи он ташаббусу иқдомҳои неки роҳбари давлат буда, барои худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа, заминаи мусоид мегузорад. Ҳамчунин профессор Тағаймуродов Рустам баромад намуда иброз доштанд, ки тартибу талаботи низомномаи озмунро бори дигар шарҳ дода нозукиҳои санъати сухан, истифодаи каломи бадеъ ва амсоли инро бояд риоя кард. Имсол тибқи низомномаи озмун даври муассисавии он бо ҷалби устодону донишҷӯён ва хонанадагони литсейи назди донишгоҳ ташкилу баргузор мегардад. Инчунин ғолибони Озмуни ” Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Билоли Ҳикматулло, Астанаев Азамат баромад намуда таъсуроти неки худро оиди Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба иштирокчиёни баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар соли сипаригардида донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” “Тоҷикистон ватани азизи ман” ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. #Донишгоҳ #Озмун Бойгонӣ