Дар саҳифаи таърихи навини ду кишвар боз як таҳаввулоти тақдирсоз ба миён омад, ки ин ҳам бошад сафари расмии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Ин сафар дар доираи дипломатӣ, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тарафҳо сурат гирифта истодааст. Аз ҷумла кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, имзои чандин санадҳои дипломатӣ роҷеъ ба корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқи ду кишвар ба имзо расиданд. Зимни боздид сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқоти судманди дуҷониба анҷом доданд.
Аз ҷумла ҳамкориҳои тарафайн;




Ин сафар дар ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ рост омад, ва ба қавли шоир “Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост”.Ин баҳори дӯстӣ, баҳори ҳамдилист, ки ду давлати ҳамсоя фарҳангу таърихи бойю ғанидошта решаҳои таърихро ба ҳам пайванд сохтанд.
Шодиён Бурҳониддин, декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
