Шамсов Ҷумъахон Исоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Бояд қайд намуд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми мантақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд.
Агар ба таърихи Наврӯз назар афканем мушоҳида мегардад, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар асоси он, Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, рӯшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, покӣ бар беолоишӣ, озодӣ бар бардагӣ, истиқлол бар беистиқлолӣ, созандагӣ бар харобкорӣ, тавоноӣ бар нотавонӣ ва ҳувият бар беҳувиятист.
Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад.
Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва табодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:
Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,
Дайфасли зиндагӣ ба сар омад , баҳор расид.
Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,
К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.
Чун Ҷамшеди Пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст.
Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро тасаллут мекунад.
Дарвоқеъ, Наврӯз аз оғоз ҷашни мардумӣ ва хирадгаройӣ будааст ва аз ин ҷост, ки ҳаста ва ядрои онро ҳамсипосӣ, худшиносӣ, мардумпарастӣ, зебоиписандӣ, адолатпарварӣ ва дунёмадорӣ ташкил мекунад.
Ногуфта намонад, ки марҳилаи худшиносии миллии мо бо Наврӯз ва маросимоти наврӯзӣ меоғозад ва ба ин далел, он ба унвони шиноснома, ҳамоса ва тамаддуни пурбори миллӣ дар хотираи таърихии мо маҳфуз мондааст.
Навруз бо худии худ як фарҳанг ва тамаддун аст ва дар гузашта, ҳангоми савгандёдкунӣ дар баробари номи Яздону шаҳриёр номи Наврӯзро мегирифтанд ва ба номи он қасам ёд мекарданд. Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонони “Шоҳнома” чунин навъи савгандро, ки бо Наврӯз алоқаманд буд, ба ёд меоварад:
Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор!
Аз сӯйи дигар, Наврӯз минҳайси падидаи ҳувиятӣ дар шаклгирии ҳувияти қавмӣ-миллӣ дар паҳнои таърихи аҷдодӣ нақши калидӣ дошта, аз байн рафтани он ба маънии аз байн рафтани ҳувияти миллӣ муаррифӣ шудааст. Ин аст, ки Фирдавсӣ таҳдид ба ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро таҳдид ба миллат ва давлат талаққӣ карда, аз забони қаҳрамонони иронӣ мефармояд:
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.
Наврӯз дар мақоми хирадномаи миллӣ ва тамаддуни вежаи миллӣ дар арсаи зиндагӣ ҳазорсолаҳо (умри Наврӯзро бархе ба умри миллат баробар дониста, баъзеҳо даҳ ҳазор ва иддае панҷ ҳазор сол муқаррар кардаанд) боз ҷавлон мекунад ва таҷдиду навсозиро бар куҳнапарастию вопасгаройӣ тарҷеҳ медиҳад. Чун Наврӯз ба унвони фарҳангу тамаддуни вежа бо навӣ, навсозӣ ва навпарастӣ тавъам аст (Наврӯз – рӯзи нав), фарсудагию куҳнагиро қабул надорад ва танҳо дар масири навию навпардозӣ ҳаракат мекунад.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, қабл аз ҳама, маънои ҷаҳонӣ шудани фарҳанги мардумӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни бостонии миллиро ба карнавали умумимиллӣ, умумимардумӣ ва умумиҷаҳонӣ табдил диҳем.
Ба ин монанд тадобири фаровонеро метавон амалӣ кард, ки ҷашни Наврӯз ва соири ойинҳои миллиро ба сатҳи карнавали ҳақиқӣ хоҳанд расонд ва фарҳанги миллию мардумиро ба таври зарурӣ дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Зиндаву поянда бод, Наврӯз ва тамаддуни Наврӯзӣ!