Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои баҳор ин бедоршавии табиат аст. Дарахтон сабз мешаванд, гулҳо мешукуфанд ва ҳаво тозаю форам мегардад. Ин тағйирот ба инсон нерӯ мебахшад ва рӯҳияро баланд мекунад.
Бисёре аз шоирон ва нависандагон баҳорро ҳамчун рамзи муҳаббат ва навсозӣ тасвир кардаанд. Дар ин фасл табиат бо зебоии худ илҳоми бадеиро бедор мекунад. Шеърҳо, сурудҳо ва расмҳое, ки дар васфи баҳор эҷод мешаванд, ҳамагӣ аз зебоии нотакрори ин фасл шаҳодат медиҳанд.
Баҳор барои кишоварзон фасли кори нав аст. Дар ин мавсим кишт оғоз мешавад, боғпарварон дарахтонро ба тартиб медароранд ва мардум ба корҳои саҳроӣ машғул мешаванд. Ҳосили фаровони тобистон ва тирамоҳ маҳз дар ин мавсим асос гузошта мешавад.
Ҳавои гуворо ва манзараҳои зебои баҳорӣ одамонро ба саёҳат ва истироҳат даъват мекунанд. Бисёриҳо ба домани табиат мебароянд, сайругашт мекунанд ва аз тозагии ҳаво баҳра мебаранд.
Баҳор на танҳо фасли зебоӣ ва эҳё, балки фасли умед, муҳаббат ва оғози тоза мебошад. Ин мавсим ба ҳар як шахс имконият медиҳад, ки бо нерӯи нав ба сӯи орзуҳои худ қадам гузорад ва аз зиндагӣ лаззат барад.
Азимов Ҳоҷиқурбон донишҷӯйи курси дуюуми ихтисосизабон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Все реакции:
6