ЮСУПОВ СУҲРОБ, омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва
МТГ-и факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи шашҳазорсола мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми форсизабон ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нави аҷдоди фаро мерасад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.
Донишманди барҷастаи халқи тоҷик Абурайҳони Берунӣ чунин нигоштааст, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки оғозёбии соли нав аст». Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ оиди пайдоиш, номгузорӣ ва сабаби таҷлили Наврӯз чунин овардааст: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ба рубъи аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Рӯзи нав» номид ва ҷашн оин овард.., чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд».
Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд – Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд.
Дар китоби мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ «Наврӯз- ҷашни замину офариниш» чунин омадааст: «Марселиюс – бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи худ чунин навиштааст: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешимии обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба пойкӯбӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаи сафеди як қитъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст.
Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фарш бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарҷад ва ақиқи сафед ва сурате ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва асбе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳирнишон бар зинати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст. Дар интиҳои толор пардаи марвориддӯзе бо абрешими обӣ ва овезаҳои зарбофт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинӣ ва ошомиданӣ аз шодбошгӯяндагон ва дар Наврӯзи хосса ва омма борёфтагон пазироӣ мекарданд ва ромишгарон ҳозирони толор ва мардумеро, ки дар саҳни боғ ҷамъ шуда буданд, ба шодмонӣ ва сурур меоварданд…»
Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. 23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти №49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад.
Мо насли ҷавони даврони Истиқлол, аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд дорем, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёкон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.