Санаи 19 – марти соли равон дар Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур беҳтаринҳо аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қадрдонӣ гардиданд.
1.Ҷалолзода Дилшодҷон – омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилӣ аз руйи номинатсияи “Беҳтарин ихтироъкори ҷавони вилояти Хатлон дар соли 2024”
2. Қувватов Мусҳуриддин – раиси Созмони ҷавонони факултети химия ва биология, аз руйи номинатсияи “Беҳтарин роҳбари созмони ҷавонони вилояти Хатлон дар соли 2024”.
3. Астанаев Азамат – магистранти курси якуми факултети филологияи тоҷик аз руйи номинатсияи “Беҳтарин тарғиботчӣ-вокунишгар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ-иттилоотии вилояти Хатлон дар соли 2024”.