Санаи 20 – уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони ” Ҳифзи пиряхҳо – асоси таъмини об, озуқаворӣ, энергетика ва амнияти экологӣ ” бахшида ба 21- уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ҳукмиддин Сафарбекзода, Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ мудири шуъбаи иқтисод, молия ва дурнамосозии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ҷумахон, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Лутфуллоев Сайфулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар саҳни донишгоҳ намоиши ҷашнӣ ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, чун Рӯзи байналмилалии пиряхҳо қабул шудани 21 – уми март ва инчунин бо мақсади муаррифии шоистаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо доир гардид.
Дар намоиш, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар, беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби хонандагон офарида шудаанд ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасорон, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия конференсияро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Дар идомаи кори конференсия А. Олимбекзода – муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар мавзуи ” Ҳифзи пиряхҳо – асоси таъмини об, озуқаворӣ, энергетика ва амнияти экологӣ”, Файзиддин Қувватов – номзади илмҳои география, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география дар мавзуи ” Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу пиряхҳо “, Дилором Давлатова номзади илмҳои биологӣ, мудири кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи ” Маърифати экологӣ – пояи рушди устувор”, И. Сайдализода – сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳавои атмосфера дар мавзуи ” Ҳифзи об ва пиряхҳо – тақозои ҷаҳон” ва Б. Вализода – мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо – вазифаи ҳар як фарди ҷомеа” бо маъруза баромад намуданд.
Дар охир чанде аз омӯзгорони донишгоҳ фикру андешаҳои худро роҷеъ ба мавзуи баррасишудаи конференсия баён намуданд.


