Имрӯз, яъне 21 – уми март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва як қатор меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар 70-солагии водии Вахш намоиши хони Наврӯзӣ, расму ойинҳо ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо омӯзгорону донишҷӯен ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин ҷашнгоҳи идонаи Наврӯзи ҳамагон ҷамъ омада, ҳамдигарро бо чеҳраҳои болида табрик менамуданд. Аз ҷониби омузгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, гулдӯзиҳову ҳунарҳои дастии гулдухтарони донишгоҳ, хӯрокҳои милливу баҳорӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Идомаи тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардида, барномаи рангини аҳли фарҳанги вилоят пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.



