Тибқи маълумоти сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар аз 21-ум то 25-уми март ба таътили баҳорӣ баромаданд.
Шуруъ аз 26-уми март барои донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олию касбии мамлакат машғулиятҳои таълимӣ оғоз мегардад.
Аз ин рӯ, ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки дар машғулиятҳои таълимӣ фаъолона иштирок намоянд.