Дар Паёми (соли 2023) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида буд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Чунин хатарҳои муосир, аз ҷумла яке аз шаклҳои экстремизм, яъне экстремизми рақамӣ имрӯзҳо ба амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 29 гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки динамикаи содиршавии ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010–2024 нишон медиҳад, ки афзоиши назарраси онҳо ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз лиҳози сифат ба назар мерасад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2010 агар дар Тоҷикистон 10 ҳолати содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар солҳои 2011-28, 2012 – 18, 2013 – 38, 2014 – 116, 2015 – 345, 2016 – 617, 2017 – 506, 2018 – 360, 2019 – 634, 2020 – 1091, 2021- 761, 2022 – 991, 2023- 1228 ва 2024 – 1494 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд, ки нигаронкунанда мебошанд. Омори мазкур нишон медиҳад, ки махсусан дар солҳои охир шиддатнокии содиршавии ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар кишвар ба таври ҷиддӣ афзоиш ёфтааст. Масалан, дар соли 2024 нисбат ба соли 2010 шумораи ин ҷиноятҳо беш аз 149 баробар зиёд шудааст ва аксарияти ин ҷиноятҳо бо рақамишавӣ алоқаманданд.
Мафҳуми расмии экстремизми рақамӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз як ҷониб, имкониятҳои нав барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон фароҳам овард, аммо аз ҷониби дигар, заминаи мусоидро барои тавсеаи зуҳуроти хатарнок ба монанди экстремизми рақамӣ муҳайё сохт. Экстремизми рақамӣ дар замони муосир, аслан, ба як падидаи фаромиллӣ табдил ёфта, хосиятҳои анъанавии ифротгароиро бо имкониятҳои беинтиҳои интернетӣ муттаҳид менамояд. Таҳлили доктринаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ (ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ ва ғ.), сиёсатшиносӣ, сотсиология ба чунин хулосае меоварад, ки экстремизми рақамиро чунин таъриф диҳем: “Экстремизми рақамӣ шакли фаъолияти экстремистие мебошад, ки бо истифода аз абзорҳои рақамӣ – шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook), мессенҷерҳо (Telegram, Watsaap), платформаҳои видеоӣ (youtube.com) ва дигар василаҳои онлайнӣ – ба паҳнсозии андешаҳои радикалӣ, таблиғи зӯроварӣ ва ҷалби тарафдорони нав равона шудааст”.
Ба гуфтаи И. Эвон (Awan, I. (2016). Cyber-Extremism: ISIS and the Power of Social Media. Society, 53(3), 278–286), экстремистон шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун муҳити «босубот ва амн барои ифротишавии ҷавонон» ба таври васеъ истифода мебаранд, ки дар он идеологияҳои хатарнок бо забони оммафаҳм, гоҳе таҳти шиорҳои динӣ, сиёсӣ ё иҷтимоӣ паҳн мешавад. Ин муҳитро “босубот ва амн” номидани И. Эвон беҳуда нест, зеро: 1) шабакаҳои иҷтимоӣ назорати пурра надоранд; 2) шахсони ифротгаро метавонанд бо номҳои сохта ва ва ба таври пинҳонӣ фаъолият кунанд; 3) экстремистон аз забони содда ва шиорҳои динӣ, сиёсӣ ё иҷтимоӣ истифода мебаранд, то эҳсосоти ҷавононро таҳрик диҳанд ва онҳоро барои содир намудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ моил созанд.
Албатта дар ҳар як ҷомеа ҷавононе ҳастанд, ки дар ҳолати изтироб, ноумедӣ ё ҷустуҷӯи маънӣ қарор доранд, ва таблиғоти ифротӣ дар шабакаҳо ба ин эҳсосот таъсир мегузоранд. Идеологияҳои ифротӣ дар зоҳир ҳамчун ҷавоб ба мушкилоти иҷтимоӣ ё адолатталабӣ нишон дода мешаванд, дар ҳоле ки дар асл онҳо мардумро ба зӯроварӣ, нафрат ва ифротгароӣ роҳнамоӣ мекунанд.
Экстремизми рақамӣ дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда, метавонад вобаста ба мақсад, восита ва гурӯҳи мақсадноки экстремистон тағйир ёбад. Дар зер баъзе шаклҳои асосии зуҳури экстремизми рақамӣ оварда мешаванд, ки дар муҳити интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба мушоҳида мерасанд:
1. Таблиғоти рақамии ифротӣ. Кирдори мазкур дар паҳн кардани аксҳо, наворҳо, навиштаҳо ва паёмҳо дар бораи идеологияҳои экстремистӣ бо истифода аз забони таъсирбахш ифода мегардад. Ин шакли зуҳурёбии экстремизми рақамӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, TikTok) ва платформаҳои видео (YouTube, Telegram) дида мешавад. Мақсади асосии ин шакли экстремизми рақамӣ ба таъсиргузорӣ ба эҳсосоти ҷавонон, «қаҳрамон» нишон додани шахсони радикалӣ, сохтани шинохти гурӯҳӣ равона гардидааст. Масалан, дар платформаи видео YouTube мубаллиғоне бо номҳои Муҷибураҳмони Ансорӣ, Абӯ Зоири Доӣ, Муҳаммад Маданӣ, Абӯ Убайдуллоҳи Мутаваккил, Абӯ Муҳаммад Хоблос, Зокир Найк, Мавлавӣ Фирӯз ва ҳазорҳои дигар саҳифаи худро таъсис дода, шабу рӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро ба ифротгароӣ ҷалб менамоянд.
2. Ифротишавии маҷозӣ – ин равандест, ки дар он шахс дар муҳити интернетӣ зина ба зина ба ақидаҳои ифротӣ рӯ меорад, то он даме ки омодаи амалиёти ифротгароёна шавад. Ин раванд метавонад моҳҳо ё солҳо тӯл кашад ва зери таъсири таблиғот, видеоҳо ва гуфтугӯҳои пинҳонӣ сурат гирад.
3. Одамчидагирӣ. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз чатҳо, форумҳо ва платформаҳои бозӣ (мисли Discord, Steam) ба ҷавонон наздик мешаванд, бо онҳо мукотиба мекунанд ва онҳоро оҳиста ба гурӯҳҳои худ ҷалб мекунанд. “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Гурӯҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат ан Нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Паймони миллии Тоҷикистон” фаъолони чунин гуруҳҳои экстремистиву террористӣ мебошанд. Танҳо бо одамчидагирии ТЭТ “Давлати исломӣ” зиёда аз 2500 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои Сирияву Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат кардаанд.
4. Ташкили шабакаҳои пинҳонӣ. Гуруҳҳои экстремистиву террористӣ аслан аз барномаҳои рамзгузоришуда (зашифрованный) (мисли Telegram, Signal) барои фаъолияти махфӣ, яъне муоширати дохилӣ, мубодилаи нақшаҳо ва ҳамоҳангсозии амалиёт истифода мебаранд. Ин гуна шабакаҳо аслан пӯшидаанд ва дастрасӣ ба онҳо танҳо пас аз «санҷиш» ё «эътимод» имконпазир аст.
5. Ҳамлаҳои киберӣ бо ангезаи идеологӣ. Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ (масалан, ТЭТ “Давлати исломӣ) ба ҳамлаҳои рақамӣ (DDoS, хакерӣ, вайрон кардани вебсайтҳо) даст мезананд, ки ин ҳамлаҳо метавонад ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеологӣ дошта бошанд. Ин амалҳо асосан алайҳи мақомоти давлатӣ, шабакаҳои низомӣ, ВАО ё шахсони дорои мавқеи иҷтимоии зиддиэкстремистӣ равона шаванд. Ҳамлаҳои киберӣ ба шабакаҳои низомӣ ва таҷҳизот метавонанд қобилияти мудофиавии кишварро, аз ҷумла коҳиш додани имкониятҳои алоқа, дахолат ба системаҳои идоракунӣ ва назоратро халалдор кунанд ва ҳатто қобилияти кории техникаи низомиро вайрон кунанд. Пешвои миллат дар ин самт таъкид намуданд, ки “ … барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон бояд тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”. Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, ҳоло дар Тоҷикистон 8,3 миллион муштарии алоқаи мобилӣ фаъолият доранд, ки тақрибан 5,6 миллион нафари онҳо фаъол ҳисобида мешаванд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернет (ва мобилӣ ва кабелӣ) 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Омори мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти содиршавии киберҷиноятҳо тавассути шабакаи Интернет рӯ ба афзоиш дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон (Паём соли 2023) муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки “… ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем”. Таъкиди пешвои миллат маънои онро дорад, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сари вақт бо назардошти рушди босуръати муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ қонунҳои дахлдорро қабул намоянд, ки бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон тавъам бошанд.
6. Таҳқир ва тарсондани рақамӣ. Фишор, таҳқир, таҳдид ва бадномсозии фаъолони ҷомеа, рӯзноманигорон, омӯзгорон ё ҳатто донишҷӯёне, ки бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ мубориза мебаранд, яке аз амалҳои анъанавии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гаштааст. Ин амал аксаран тавассути паёмҳо, комментҳо ва номҳо фейкӣ сурат мегирад. Кибертаҳдид (ё шантажи маҷозӣ) як шакли фаъолияти ҷиноятӣ мебошад, ки дар он ҳамлагарон технологияи рақамӣ ва интернетро барои таҳдид, иръоб, тамаъҷӯӣ ё фишор ба ҷабрдидагон истифода мебаранд. Кибертаҳдид аксар вақт таҳдиди ифшои маълумоти ҳассос (вобаста ба ҳаёти шахсӣ), нашри маълумоти беобрӯкунанда ё ворид кардани тағйироти зараровар ба маълумотҳои рақамиро дар бар мегирад. Ин гуна ҳамлаҳо метавонанд ҳам ба шахсони алоҳида, ҳам ба ширкатҳо, ташкилотҳо ва ҳатто муассисаҳои давлатӣ равона карда шаванд. Хусусиятҳои асосии кибертаҳдидҳо инҳо буда метавонанд: а) таҳдиди ифшои иттилоот – кибертаҳдидкорон аксар вақт таҳдид мекунанд, ки агар талаботи онҳо иҷро нашавад, маълумоти махфӣ, шахсӣ ё беобрӯкунандаро ошкор мекунанд; б) тамаъҷӯии молиявӣ. Аксар вақт ба сифати иддао ҷуброни молиявӣ талаб карда мешавад. Кибертаҳдидчиён дар ивази ифшо накардан ё нест кардани маълумоти беобрӯкунанда пардохтро талаб мекунанд; в) ҳамлаҳо ба маълумоти шахсӣ. Кибертаҳдид метавонад таҳдидҳои ифшои шахсиро ба монанди аксҳо, видеоҳо, мукотиба ва дигар маълумоти ҳассосро дар бар гирад. Кибертаҳдид ба амнияти шахсӣ, обрӯ ва амнияти иттилоотӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Мубориза бо ин намуди ҷинояткорӣ омӯзиши корбарон, истифодаи технологияҳои муосири киберамният ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бар мегирад.
Экстремизми рақамӣ амнияти миллиро зери хатар мегузорад, зеро дар сатҳи фардӣ ва иҷтимоӣ метавонад боиси амалҳои террористӣ гардад. Тавре ки Ҷ. Вайман (Weimann, G. Terrorism in Cyberspace: The Next Generation. Columbia University Press, 2015) зикр мекунад: «Интернет ба экстремистон на танҳо минбар, балки платформаи муташаккилсозии амалиётро фароҳам месозад».
Дар муҳити рақамӣ, маҳдудияти ҷуғрофӣ ва ҳуқуқӣ амалан аз байн меравад, ки ин, ба ақидаи Ҷ. Броун (Brown, J. Digital Radicalization: The Global Threat of Online Extremism. Global Security Review, 2020, 12(2), 45–58.), «экстремизмро ба як шабакаи бидуни сарҳад табдил додааст».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 амали “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба анҷом мерасад ва боварӣ дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи навро бо дарназардошти омилҳо ва сабабу шароитҳои нави содиршавии ин ҷиноятҳо, бахусус экстремизми рақамӣ, омода ва дар амал татбиқ менамояд. Бо назардошти динамикаи нигаронкунандаи содиршавии ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар солҳои охир, таҳияи стратегияи нав бо такя ба таҳлили амиқи вазъи мавҷуда сурат гирифта, бояд на танҳо ба пешгирии ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, балки ба ҳалли амиқи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ, ки сабаби густариши ифротгароӣ мегарданд, равона шавад. Барои Стратегияи нав ҷиҳати муқовимат бо экстремизми рақамӣ чунин тавсияҳо муҳим арзёбӣ хоҳанд гардид:
1. Нишон ташаббус ҷиҳати танзими ҳуқуқӣ ва ҳамкории нави сатҳи байналмилалӣ дар самти муқовимат бо экстремизми рақамӣ. Зарур аст, ки қонунгузории миллиро бо технологияи нав мутобиқ созем ва созишномаҳои нави байналмилалиро тақвият диҳем;
2. Дар заминаи эълон намудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ба баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ диққати махсус дода шуда, барномаҳои давлатӣ қабул карда шавад. Дар раванди таълиму тарбия ва фаъолият дар ВАО, омӯхтани роҳҳои шинохт ва муқовимат бо таблиғоти ифротӣ муҳим арзёбӣ мегардад;
3. Истифодаи абзорҳои рақамӣ зидди экстремизм, яъне тавассути зеҳни сунъӣ ва таҳлилҳои криминологӣ дар назди мақомоти КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алгоритмҳои ошкоркунандаи муҳтавои хатарнок, ки бо экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноятҳо алоқаманданд, таҳия ва дар амал татбиқ карда шаванд;
4. Таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши криминологӣ дар самти ҷавобгарии ҷиноятӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм (Klausen, J. Tweeting the Jihad: Social Media Networks of Western Foreign Fighters in Syria and Iraq. Studies in Conflict & Terrorism, 2015, 38(1), 1–22). Рушди самти криминологияи рақамӣ ва таҳлили равоншинохтии экстремистон дар муҳити онлайн барои пешгирии ин зуҳурот аҳаммияти хоса дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавобгарии ҷиноятӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм 2 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 10 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидааст, вале аксарияти ин пешниҳодҳои илмӣ дар амалия татбиқи худро наёфтаанд. Боварӣ дорем, ки таҳлили ин рисолаҳои илмӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо метавонад дар пешгирии экстремизму терроризм самара диҳанд;
5. Самаранок ба роҳ мондани таъмини ҳамкорӣ бо платформаҳои ҷаҳонӣ. Таъмини ҳамкорӣ бо платформаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди Google, Meta (Facebook, Instagram, WhatsApp), TikTok, X (собиқ Twitter) ва монанди инҳо, яке аз роҳҳои калидии муқовимат ба экстремизми рақамӣ ба шумор меравад. Чунин ҳамкорӣ на танҳо муборизаву муқовимат бо таблиғоти ифротиро самараноктар мегардонад, балки барои ҳифзи амнияти миллӣ ва амнияти байналмилалӣ низ шароити мусоид фароҳам меорад.
Бисёр кишварҳо, ба монанди Олмон (бо қонуни NetzDG – Немецкий закон против ненависти и травли в Интернете) ва Ҳиндустон, қонунан уҳдадор мекунанд, ки ширкатҳои технологӣ дар муҳлатҳои муайян маводи хатарнокро аз шабакаҳояшон ҳазф кунанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули чунин як қонун амали саривақтӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин ширкатҳо меморандумҳои ҳамкорӣ бояд ба имзо расонад, ки дар асоси онҳо платформаҳо муҳтавои хатарнокро бо тавсияи мақомоти давлатӣ баррасӣ кунанд ва онҳо барои кормандони сохторҳои амниятӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронанд (масалан, чӣ гуна дархост барои ҳазф ё дарёфти маълумот фиристодан).
Албатта дар дохили ҳар як платформа барномаҳои махсус бо истифода аз зеҳнӣ сунъӣ фаъолият мекунанд, то маводҳои эктремистиву террористӣ дар онҷо роҳ наёбад. Масалан, платформаи Meta (Facebook, Instagram) – дорои сиёсатҳои «Community Standards» ва гурӯҳҳои хоси зидди hate speech ва ифротгароӣ мебошанд, YouTube (таҳти Google) – истифодаи зеҳни сунъиро барои шиносоӣ ва ҳазфи автоматии видеои ифротгароёна ба роҳ мондааст. Ҳарчанд платформаҳо кӯшиши зиёдеро дар мубориза ба экстремизму терроризм ба харҷ медиҳанд, вале ба сабаби ҳаҷми бузурги маълумот ва душвории забонҳо (масалан, тоҷикӣ ё дарӣ) имконияти назорати пурра маҳдуд боқӣ мемонад.
Хулоса. Муқовимат бо экстремизми рақамӣ як амали мураккаб, дарозмуддат ва бисёрсоҳа аст. Барои шинохт ва муқовимати муассир, бояд ҳар як шакли он таҳлил, мушаххас ва таҳти назорати касбӣ қарор гирад.
Таҳқиқоти анҷомдодашуда нишон медиҳад, ки экстремизми рақамӣ дар замони муосир ба як падидаи хатарноки фаромиллӣ табдил ёфта, амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ зери хатар мегузорад. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши истифодабарандагони интернет дар кишвар шароити мусоидро барои паҳншавии идеологияҳои ифротӣ, ифротишавии маҷозӣ ва ҷалби рақамии шаҳрвандон фароҳам овардааст.
Муқовимати муассир бо экстремизми рақамӣ бояд аз роҳи танзими ҳуқуқии фаъол, таълими саводнокии рақамӣ, таҳқиқоти илмии байнисоҳаӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҳлилҳои криминологӣ, ҳамчунин тавассути ҳамкорӣ бо платформаҳои ҷаҳонии рақамӣ ба роҳ монда шавад. Илова бар ин, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди самти криминологияи рақамӣ метавонанд ба коҳиши хатари экстремизми рақамӣ ва таҳкими суботи миллӣ мусоидат намоянд.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қудратов Н.А.
Все реакции:
2