Имрӯз, 29-уми марти соли 2025 дар ҷаласаи васеи муштараки кафедраҳои педагогика ва забон ва адабиёти рус пешдифои рисолаи доктории Ашурова Шаҳло Кулобиевна таҳти унвони “Методологические основы формирования профессионально ориентированной коммуникативной компетенции студентов неязыковых вузов при обучении русскому языку” зери мушовири илмии доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна аз рӯи ихтисоси 13. 00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ (илмҳои педагогӣ)) баргузор гардид.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муаллимаро барои бомуваффақият гузаронидани пешдифои рисолаи докторӣ таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи тахлимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бурдборӣ орзумандем.


