Агар Шумо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб карданӣ бошед, пас чунин амалҳоро бояд анҷом бидиҳед:
Ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.htc.ti ворид шуда, рамзи донишгоҳро, ки 112 мебошад, интихоб намоед;
Ихтисосҳои донишгоҳ дар панҷ гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷойгир шудаанд;
Аз кластери якум 23 ихтисос, аз кластери дуюм 18 ихтисос, аз кластери сеюм 27 ихтисос, аз кластери чорум 13 ихтисос ва аз кластери панҷум 13 ихтисосро метавонед интихоб намоед.
Умедворем, ки Шумо дар интихоби донишгоҳи мо хато намекунед.