Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияву омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.
Неруи азими зеҳние, ки дар донишгоҳ фаъолият менамояд, то имрӯз барои ҷумҳурӣ ҳазорон нафар мутахассисонро омода намуда, ба соҳаҳои гуногуни илму маърифат сафарбар намудааст, ки онҳо дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки донишгоҳ дар соли 2024 мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф мавқеи худро дар даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷумҳурӣ нигоҳ дошта тавонист.
Ҳоло дар 14 факултет ва 45 кафедраи донишгоҳ 621 нафар омўзгор, аз ҷумла, 17 нафар профессорони доимӣ, 189 нафар номзадҳои илму дотсентон, 420 нафар саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон барои пешбурди фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ ҷалб гардиданд.
Шумораи донишҷўён дар донишгоҳ 19754 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 8921 нафар буда, ҳиссаи онњо дар шумораи умумии донишҷўён 45,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ 65 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар шуъбаи рўзона ва дар таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 486 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,3%-и донишҷўёни донишгоҳро ташкил медиҳад. 32,5%-и донишҷўён аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил менамоянд. Инчунин, 8 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.
ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТАЪЛИМӢ
Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавҷуд будани заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки бевосита ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намуда, дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ ҳамзамон, 211 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 33 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 4 толори хониш, 2 толори варзишї, 8 майдонча ва як маљмааи варзишӣ мебошад.
Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маљмуъ, зиёда аз 700 компютер, 178 тахтаи электронӣ, проэкторҳо ва пардаҳои проэксионӣ ва 35 адад смартэкранҳо мавҷуд мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷўён мувофиқат мекунад.
Баланд бардоштани маҳорати касбомӯзии донишҷўён дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои мубрами рўз аст. Бо ин мақсад дар донишгоҳ «Маркази таълимӣ, тарроҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода шудааст, ки фаъолияти хуб дорад. Дар маркази мазкур сехи дўзандагӣ, бофандагӣ, зардузӣ, коркарди матоъ, ороишӣ кандакорӣ дар чуб ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумиро ба донишҷўдухтарони факултетҳои донишгоҳ ба тариқи ройгон меомўзонанд.
Инчунин, дар маркази касбомўзии ноҳияи Хуросон дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои калонсолон касбҳои ошпазӣ ва барқчӣ омўзонида шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Дар донишгоҳ айни ҳол барои 460 нафар донишҷў хобгоҳ сохта шуда истодааст ва инчунин раёсати донишгоҳ сохтмони бинои дуюми хобгоҳи замонавиро ба мақсад мувофиқ шуморида корбарӣ карда истодааст.
Рафти корҳои сохтумони маркази гармидиҳӣ низ бо маром идома дорад. Масоҳати замини таҷрибавии донишгоҳ, ки дар минтақаи “Зағертут” ҷойгир мебошад, 5 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар 3 га он ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуда, дар ин мавзеъ зиёда аз 1700 бех дарахти мевадиҳанда ва ороишӣ нашъунамо дорад.
АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВӢ ДАР МУАССИСА
Тибқи нақша-чорабиниҳо Раёсати Донишгоҳ дар шаш моҳи дуюми соли 2024 бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни омўзгорону донишҷўён корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.
Дар шаш моҳи нимсолаи дуюми соли 2024 бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳ 10 маротиба суҳбату мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси худшиносии шогирдон ташкили саёҳат ба мавзеъҳои таърихии диёр омили хубест. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили равон, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ як гурўҳ омўзгорон ва донишҷўёни факултетҳо аз Муҷассама, Мақбара ва «Хона – музейи Ҷалолиддини Балхӣ»- ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз наздик дидан намуданд.
Дар донишгоҳ тамоми шароит барои тарбияи тарзи ҳаёти солим муҳайё карда шуда, дар ду минтақаи он майдонҳои варзишӣ ва маҷмааи варзишӣ мавҷуд мебошанд, ки донишҷўён дар соатҳои тарбияи ҷисмонӣ ва фориғ аз дарс дар ин варзишгоҳҳо ба обутобӣ бадан машғул мешаванд. Инчунин, дар ду минтақаи донишгоҳ бунгоҳҳои тиббӣ фаъоланд, ки донишҷўён дар мавриди ниёз ба ин бунгоҳҳо муроҷиат карда, аз он ҷо кумакҳои аввалияи тиббиро ба даст меоранд.
АЗ РАВАНДИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМЇ
Шумораи умумии дорандагони дараљаи илмї дар донишгоњ дар соли қаблӣ ба 181 нафар мерасид, ин шумора дар соли 2024 дар умум дар донишгоҳ ба 208 нафар расид. Яъне дар соли 2024 аз ҷониби устодони донишгоҳ 26 рисолаҳои номзадӣ аз ҳисоби докторантони PhD ва унвонҷўён ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя гардид. Афзоиши шумораи кормандони дорандаи дараҷаи илмӣ ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ таъсири мусбат расонида, ба донишгоҳ имкон медиҳад, ки самтҳои илмии худро васеъ намуда нерўи илмияшро рўз аз рўз зиёд намояд.
Дар донишгоҳ дар соли ҳисоботӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия зиёда аз 76 чорабинии илмӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор карда шуд. Аз ин шумора 4 конференсияи байналмилалӣ, 8 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 5 конференсияи умумидонишгоҳӣ, 1 маҳфили илмӣ адабӣ, 2 шабнишинӣ ва 60 мизи мудаввар гузаронида шудааст.
Дар донишгоҳ дар зинаи магистратура ва докторантура аз руйи ихтисос PhD мутахассис омода карда мешавад. Дар соли таҳсили 2024-2025 293 нафар магистр ва 46 нафар аз рўйи ихтисоси доктор PhD ба таълиму тадрис ҷалб гардидаанд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2024 -2025 дар 45 кафедраи донишгоҳ 51 маҳфил ва 14 – ҷамъияти илмии донишҷўён амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1580 нафар донишҷўён аъзоянд. Ба ин маҳфилҳо номзадҳои илм, саромўзгорон ва омўзгорони пуртаҷриба роҳбарӣ мекунанд.
Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои намоён дар донишгоҳ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон» баргузор карда шуда, 6 ҳуҷҷати беҳтарини довталабони озмуни мазкур аз донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда шуд, ки аз ин шумора 2 нафар сазовори ҷои сеюм ва як нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 11 нафар донишҷўёну омўзгорони донишгоҳ роҳхат гирифта, 3 нафар сазовори ҷоий дуюм 1 нафар сазовори ҷои сеюм ва як нафар ба гирифтани ҷойи ифтихории озмун мушарраф гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илмфурўғи маърифат” 14 нафар донишҷўёни мо роҳхат гирифта, дар самти илмҳои математика ва физика 2 нафар ба гирифтани ҷои ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқї эълон шудани соли 2024 дар донишгоҳ озмуни “Ҳуқуқшиноси беҳтарин” роҳандозӣ гардид, ки дар ин озмун 186 нафар довталабон иштирок намуда, ғолибон муайян ва қадршиносӣ карда шуданд. Дар даври ҷумҳуриявии ин озмун донишҷуи курси 1 факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Хоҷаева Мавҷуда ба гирифтани ҷои сеюм сазовор гашт.
Теъдоди китобҳои китобхонаи Донишгоҳ дар соли таҳсили 2024 дар маҷмуъ ба 270 000 (дусаду ҳафтод ҳазор) нусха китоби бадеӣ, дарсӣ, илмӣ ва методӣ расидааст. Аз ин теъдод 13338 (сенздаҳ ҳазору сесаду сиву ҳашт) нусхаи он дар толори хониши минтақаи Дӯстии Халқҳо ҷойгир аст.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Айни ҳол донишгоҳ бо 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷўён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, ва ғайраро дорад. Дар доираи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ташаббуси раёсати донишгоҳ ва Сафорати Корея аз Донишгоҳи Йонгнами Кореяи ҷанубӣ моҳи сентябри соли 2024 дар донишгоҳ Маркази омўзиши забони кореягиро ифтитоњ гардид, ки барои забономўзии донишҷўён имконияти бештареро фароҳам овард. Ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус бастани шартномањои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои мазкур, ба монанди Донишгоҳи давлатии Рязан ба номи С.А. Есенин, Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Ефрасини Полоский ба имзо расонида шудааст.
Дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон бо 3 донишгоҳи Ҷумҳурии Ўзбекистон – Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент ва Донишгоҳи милии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони иригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкент» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Айни ҳол дар донишгоҳ фаъолияти (Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC)) ва (Русское Пространство) дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати профессорону омўзгорон, кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ бандҳои Паёми Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷаҳду талош менамоянд, ки дар пешрафти илми ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузошта, 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо дастовардҳои арзандаи илмию омўзгорӣ ва таҳқиқотӣ истиқбол гиранд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав