Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо қарори Шурои олимони донишгоҳ ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 таъсис ёфтааст.
Фаъолияти ҳамаҷонибаи садорати факултет барои амалӣ намудани корҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, методӣ ва тарбиявӣ равона карда шуда, баҳри амалӣ намудани ин мақсадҳо коллективи профессорону омўзгорони факултет санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди амал қарор медињанд.
Њоло дар факултет 2 – нафар доктори илмҳои таърих, профессор, 12 – нафар номзадҳои илм, дотсентон, 6 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 – нафар аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 нафар узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба донишҷўён дарс мегўянд.
Њайати профессорону омўзгорони факултет аз ҷоизаҳои давлатӣ низ бархурдор буда 1 – нафар дорандаи Ордени Шараф дараљаи дуюм ва 1 – нафар дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ мебошанд.
Факултети таърих ва ҳуқуқ имсол довталабонро аз рўи ихтисосҳои зерин қабул менамоянд:
–Таъриху фарҳангшиносӣ;
– Таърих, ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ);
-Таъриху бостоншиносӣ;
-Таърих (ватанӣ ва умумӣ);
-Таърих аз рўи самтҳо;
-Таърих. Диншиносӣ.
Дар факултет мутахассисони касбӣ дар соҳаи таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ омода мегарданд.
Донишҷўён баъди хатми зинаи бакалаврӣ метавонанд дар зинаҳои таҳсилоти магистратура ва доктор PhD низ таҳсили худро дар факултет идома диҳанд. Устодону шогирдони факултет дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат» ва «Тоҷикон» -оинаи таърихи миллат» ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар соли ҷорї 35 нафар донишҷўёни факултет тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд ва 1 нафар гирандаи идрорпулии президентӣ мебошад. Инчунин барои фаъолияти пурсамар 1 нафар донишҷўи факултет ба гирифтани идрорпулии раиси вилоят мушарраф шудааст.
Дар факултет 4 кафедра- кафедраи таърихи халқи тоҷик, кафедраи таърихи умумӣ, кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ ва кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ амал менамояд.
Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён “Ориён”,т “Муаррих-кишваршинос”, “Пажўҳандагони Аҷам”, ”Муаррихфарҳангшинос” фаъолият менамояд, ки шогирдон дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Таҷрибаомўзии донишҷўёни факултет тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар гузаронида мешаванд.
Инчунин донишҷўён дар раванди таҷрибаомўзӣ ба Литсейи назди донишгоҳ низ сафарбар карда мешаванд. Дар назди факултет осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ фаъолият менамояд, ки аз ҷониби кормандони факултет ва донишҷўён ҳамасола фонди захиравии осорхона ғанӣ мегардад.