Дар факултети физика аз ҷониби ҳуқуқшиноси донишгоҳ Амирҳамза Мирализода ва намояндаи шуъбаи кодрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Авзалшоҳи Сироҷиддин сӯҳбат-вохӯрӣ бо ҳатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгориро тариқи буҷавӣ ё квота таҳсил намуданд доир гардид.
Ба донишҷӯён оид ба тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон, имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ шинос намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

