Факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи иқтисодӣ, аз дараҷаи бакалавр тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот таъсис дода шудааст.
Ба таълиму тадриси донишҷўёни факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ 5- нафар дотсентон, 4 – нафар номзадҳои илми иқтисодӣ ва саромўзгорону омўзгорон аз фанҳои тахассусӣ ҷалб гаштаанд, ки пайваста барои тақвияти сифати таҳсилот ҷаҳду талош меварзанд. Айни ҳол, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ се кафедра: фаъолияти гумуркӣ, андоз ва андозбандӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит фаъолияти самарабахш доранд.
Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар зинаи магистратура ва зинаи бакалавр аз рўи 5 ихтисос:
1-960101 хадамоти гумрукӣ,
1-25010403 андоз ва андозбандӣ,
1-250111 аудит ва ревизия,
1-25010203 иқтисоди рақамӣ,
1-250105 омор донишҷўён ба таълим фаро гирифта шуда, барои омода намудани мутахассисони аз нигоҳи илмӣ мусаллаҳ бо дониш тадбирҳои муҳим рўи кор гирифта мешавад.
Натиҷаи чунин корбарии дуруст имкон фароњам овард, ки донишҷўёни факултет бо иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ихтисосҳои амалкунанда дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ:
Ихтисоси 1-960101 – хадамоти гумрукӣ ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ташкили назорати гумрукӣ, таъмини ҳуқуқӣ, минтақаҳои гумрукӣ, системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона, таҳлил ва омори гумрукӣ, ташкили назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ, ташкили фаъолияти фаври ҷустуҷўӣ ва таҳлилӣ, ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифиро дар бар мегирад, ки барои омода ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат муҳим ба ҳисоб меравад.
Ихтисоси 1-250111– аудит ва ревизия – кафолати сифати аудит, аудити соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аудити сармоягузорӣ, қарз ва бонкҳои давлатӣ, аудити соҳаҳои иҷтимоӣ аудити соҳаҳои субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ, аудити дохилӣ ва назорат, хадамоти дохилии назорати суғуртавӣ ва аудити самаранокиро дар бар мегирад.