Факултети молиявию иқтисодӣ бо мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи иқтисодӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори PhD, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот кўшиши беандоза дорад.
Дар факултет зиёда аз 50- нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 3-нафар доктори илм, профессор ва 20-нафар номзади илм, дотсент ба донишҷўён таълим медиҳанд. Дар факултет зиёда аз 1200-нафар донишҷўён дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Дар назди кафедраи фаъолияти бонкӣ ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ кушода шудааст, ки таҳсил дар он пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба донишҷўён омўзгорони пуртаҷриба дарс мегўянд ва аз рўйи таҳлилҳо дар давоми 6 моҳ донишҷўён метавонанд озодона бо забони англисӣ дар доираи фанҳои ихтисоси худ ҳарф зананд.
Факултет аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассис омода мекунад:
1-250104 Молия ва қарз.
1-26010303 Идоракунии молия давлатӣ.
1-250104 Кори бонкӣ.
1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит.
1-25010801 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар бонкҳо.
1-250107 Иқтисод ва идора дар корхона.
1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳон (забони англисӣ).
1-250112 Информатикаи иқтисодӣ.
Мо барои муассисаю ташкилоти зерин мутахассисонро омода менамоем: Бонки миллии Тоҷикистон, Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, шуъбаҳои робитаи хориҷии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳову муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои зертобеи Вазорати молия.