Дар таърихи 31 марти соли 2025, дар шаҳрии Хуҷанд,аввалин нишасти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мешаванд, сарони се кишвар – президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок доштанд.
Яке аз натиҷаҳои асосии ин нишаст ба имзо расидани “Эъломияи Хуҷанд оид ба дустии абадӣ” мебошад. Ин санад муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии некро байни се кишвар тасдиқ намуда, заминаи устувор барои ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меорад.
Ба имзо расидани “Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ” ва дигар созишномаҳои зикршуда, марҳилаи навро дар муносибатҳои байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон оғоз намуда, ба таҳкими суботи, амният ва рушди устувори минтақа ба сулҳ, оромӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Ин эъломия ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ равона шудааст.
Илова ба маълумоти қаблан пешниҳодшуда, қайд кардан зарур аст,ки имзои “Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ” ва созишномаи марзӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон дар сатҳи байналмилалӣ васеъ истиқбол карда шуд.
Сарони давлатҳо тавоқуф карданд, ки дар оянда лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва инфросохториро роҳандозӣ намоянд,ки ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва имкониятҳои нави шуғл мусоидат мекунанд.
Зубайда Сафарова,
омӯзгори кафедраи факултети забони англисии ДДБ