Дӯстӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини башарият ба шумор меравад. Дар ҷаҳоне, ки аҳли башар зиндагӣ мекунанд, ҳар як нафар ба дастгирии дӯстон ва дӯстии халқҳо ниёз дорад, то якҷо бо душвориҳо мубориза баранд, шодиро мубодила кунанд ва ба ҳадафҳои хеш муваффақ шаванд. Дустӣ на танҳо барои равнақ ва таҳкими робитаҳо, балки барои рушди ҷомеа ва суботи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.
Мусаллам аст, ки ҳар қавму миллат барои зиндагии осоишта ва ободии кишвар бояд ба ҳар як фарди ҷомеа муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд. Зеро дӯстии халқҳо ба сифати омили саодатбахш на танҳо дар сатҳи фардӣ, балки дар робитаҳои байнимилалӣ ва байнидавлатӣ низ аҳамияти бузург дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқҳое, ки бо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зистаанд, тавонистаанд дар фазои ваҳдату осоиштагӣ умр ба сар баранд ва ба рушди устувор ноил гарданд. Дар воқеъ, дӯстии ҳалқҳо сабаби мустаҳкам шудани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ миёни мардумон мегардад. Аз ин рӯ, барои таъмини амният ва рушди устувори давлатҳо густариши муносибатҳои дӯстона байни миллатҳо аҳамияти хоса дорад.
Дӯстии халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо собиқаи тулонӣ дошта, онҳо дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштанд. Ҳамкории дӯстона миёни кишварҳо барои беҳтар шудани зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат мекунад. Ин дӯстии дерина ба мо имкон медиҳад, ки мушкилотро якҷоя ҳал намоем ва барои рушди устувори минтақа саҳм гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши давлат дар пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо мебошад. Ин сифатҳои сарварӣ, башардустӣ бевосита ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ буда, ин шахсияти бузург борҳо дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, идоракунии оқилонаи давлати худро исбот намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он назар аст, ки сулҳ ва суботи минтақа танҳо бо мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъмин карда мешавад. Дар ин замина, ташаббусҳои ӯ барои таҳкими дӯстии халқҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти махсус доранд.
Бо шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, солҳои охир муносибатҳои байни ин кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ густариш ёфт. Таъсиси роҳҳо ва пулҳо барои рафтуомади озоди шаҳрвандон, рушди тиҷорат ва барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ самараи ҳамин сиёсати дӯстона мебошад.
Ин тадбирҳо, яъне бастани созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор оид ба истифодаи захираҳои обӣ, барқарор кардани рафтуомади марзӣ ва афзоиши савдои байнисарҳадӣ барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардумони минтақа мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории бештарро миёни халқҳо таъмин менамоянд.
Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни қадимии мардумони Осиёи Марказӣ ҳамеша омили муттаҳидсозандаи халқҳо буда, рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва дӯстӣ мебошад. Ин ҷашн дар тули асрҳо ба халқҳои минтақа имкон додааст, ки бо ҳам якҷоя ҳаёти худро боз ҳам ободтар кунанд ва робитаҳои ҳамҷаворӣ ва фарҳангиро тақвият бахшанд. Ин анъана имрӯз низ идома дошта, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии роҳбарони давлатҳо ба сатҳи нав мебарояд.
Пайғом ва муждаи сурурбахш аст, ки 31-уми марти соли 2025, дар шаҳри бостонии Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони се давлати дӯст ва ба ҳам бародар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садыр Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзоев гирди дастархони наврӯзӣ ҷамъ омада, дар тантанаҳои ҷашни таърихии тоҷикон иштирок намуданад. Ин вохӯрии таърихӣ, ки дар фазои дӯстона ва самимият баргузор шуд, бозгӯи робитаҳои наздик ва муносибатҳои устувори халқҳои ин минтақа мебошад.
Ташаббусҳои оқилонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳиму арзишманд буда, боиси ифтихор ва арҷгузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо, яъне шаҳрвандон, бояд дар таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар саҳмгузор бошем, то ин ки наслҳои оянда дар фазои сулҳу дӯстӣ, ободиву пешрафти кишвар боз ҳам беҳтару осуда зиндагӣ намоянд.
Дӯстии халқҳо ва муносибати стратегии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон поянда бод!
Ш. Олматова,
н.и.ф., дотсенти кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ