Баъди кушодани сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон сарони се кишвари бо ҳам дӯсту бародар Тоҷикистон Узбекистон ва Қирғизистон дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд игтирок карда даҳо санадҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ин ба некуаҳволии сокинони се кишвар мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки 31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», – зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ.
Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.
Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Зиндаву ҷовидон монад дӯстиву рафоқат ва шодиву тараби мардуми тамоми олам.
Ганҷина Зубайдуллоева,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДДБ