Тибқи нақшаи кории шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав сӯҳбат — вохӯрӣ бо донишҷӯёни хобгоҳ доир шуд.
Дар мулоқоти мазкур Наргис Нурализода, муовини ректор оидба тарбия, Эмомалӣ Набизода, мудири шуъбаи тарбия, Ҷ. Қодирзода, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, С. Каримова, раиси бонувони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Раёсати донишгоҳ хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шуда, барои истиқомат шароитҳои лозимаро муҳайё намудааст.
Чорабинии мазкур бо мақсади риояи низомномаи хобгоҳ, назорати пайваста ҷиҳати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, роҳраву ошхонаҳо, истифодаи дурустӣ нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб, мақсаднок истифода намудани телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҳар гуна амалу кирдорҳои ношоиста ва доир ба тинҷию оромӣ андешаронӣ намуданд.
Аз истиқоматкунандагони хобгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои неку бунёдкоронаро пешаи худ намуда, гирду атрофи хобгоҳ ва дар умум муассисаро тозаву озода нигоҳ доранд ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд

