Имрӯз Қурбонов Давлатбек, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Буҳрони сиёсӣ ва хусусиятҳои идоракунии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон)» зери роҳбарии Маҳмадов Абдураҳмон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ, рисолаи номзадиашро аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 –Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ ҳимоя намуд.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ Қурбонов Давлатбек Мирзоевичро барои бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиашон самимона шодбош гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва илмӣ-таҳкиқотӣ комёбиҳои бештарро орзуманданд.