Дӯстии байни миллатҳо на танҳо рукни муҳими ҳамзистии осоишта аст, балки омили асосии пешрафти давлатҳо ва сулҳу суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дӯстии халқи тоҷик, ӯзбек ва қирғиз аз давраҳои қадим ва устувортарин робитаҳои таърихӣ маҳсуб мешавад. Се миллатро на танҳо ҳамсоягӣ, балки таърих, фарҳангу тамаддун, забон ва арзишҳои милливу мардумӣ муштарак ба ҳам пайванд додаанд.
Дар тули қарнҳо, тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди мутақобил ва ҳамкорӣ умр ба сар бурда, анъанаи куҳанбунёди дӯстиву рафоқатро ҳифз намудаанд. Омилҳои таърихӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бо ҳам пайваста, дар шароити муосир ҳамкориҳои судманд боз ҳам қавитар мекунанд.
Дар даврони Истиқлолият, равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Рӯзҳои 31-уми марти соли 2025, Тоҷикистон мизбони як рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид – мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳо, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров иштирок намуданд.
Ин вохӯрӣ на танҳо нишонаи эҳтиром ва дӯстии миёни ин се кишвар буд, балки баёнгари иродаи устувор барои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ маҳсуб мешуд. Мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ, марзӣ, сармоягузорӣ, амният ва муносибатҳои гуманитарӣ баррасӣ гардида, бори дигар собит шуд, ки сулҳ ва ҳамкорӣ асоси пешрафти устувори давлатҳо мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки барангезиш ва бархӯрди тамаддунҳо дар ҳоли рушд аст, амнияти минтақа бидуни ҳамкориҳои мутақобила ғайриимкон аст. Ҳарсе кишварҳо барои густариши сулҳу ваҳдат ва дӯстии байниҳамдигарӣ, бунёди роҳу нақлиёт ва лоиҳаҳои стратегӣ саъйу талош мекунанд. Барқарор ва кушода шудани марзҳо, роҳҳои байнимарзӣ ва рушди ҳамкориҳои сеҷонибаи кишварҳо сурат гирифтанд.
Дар баробари рушду такомули соҳаҳои мухталифи кишварҳо, инчунин Наврӯи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷашн гирифтанд. Ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти мубориза бо хатарҳои террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои амниятӣ аҳамияти махсус доранд.
Илму фарҳанг ҳамеша ба ҳамгироии халқҳо мусоидат намудаанд. Бо мақсади таҳкими дӯстӣ, имрӯз барномаҳои табодули ҳамкориҳои стратегӣ, илмӣ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва баргузор намудани фестивалҳои фарҳангӣ миёни се давлат рушд меёбанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки наслҳои оянда дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия ёбанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳеҷ монеа наметавонад дӯстии халқҳои дӯсту бародарро заиф гардонад. Дӯстӣ ва ҳамкорӣ на танҳо кафолати рушди иқтисодиву амнияти минтақа аст, балки як модели комили ҳамзистии осоиштаву амн баҳри тамоми олам низ мебошад.
Зинда бод дӯстии халқҳои бародар – тоҷик, ӯзбек ва қирғиз!
Акмал Қурбонов,
раиси созмони ҷавонони факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав