Бо дарназардошти нақши меҳварии бонувону модарон дар тарбияву камолоти ҷисмонии инсоният ва дар руҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ ба воя расонидани насли башар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии мамлакат бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва арҷгузории ҷомеа ба бузургии зан-модар тадбирҳои муҳиму ояндасозеро амалӣ намуда истодаанд, ки имрӯз самараи судманди он дар ҳаёти рӯзмарраи мо баръало мушоҳида мегардад. Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои вобаста ба тарбияву омода намудани ҷавондухтарон дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ҳаёти оиладорӣ, ки дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат таъкид мегардад, солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иқдомҳои наҷиб роҳандозӣ гардида истодааст.
