Ватан сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои худро дар рӯи он гузошта, аз оби зулолаш нӯшида, аз ҳавои софу муаттараш нафас кашида, чун модар дӯсташ медорем. Муҳаббат ба Ватан аз давраи хурдсолӣ оғоз ёфта, баъдан ташакул меёбад.
Ватан ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ. Ту қиматтарин неъмат барои мо фарзандонат ҳастӣ. Тоҷикистон ватани ҳар як соҳибватан аст, мо фарзандонат шукр мекунем, ки дар оғӯшат ҳастем, оғӯше, ки аз он бӯйи сулҳу ваҳдат садоқат меояд ва осудаҳолона дар он зиндагӣ дорем. Ман аз ватани худ ифтихор мекунам, ифтихор аз он дорам, ки ватани ман Тоҷикистон ном дорад ва ифтихор аз он дорам, ки тоҷикаму тоҷикистониям.
Хушбахтона, халқи тоҷик бо неруву хирад тамоми мушкилоти пеш омадаро бартараф намуд. Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳ ва ваҳдат дар ватани азизамон Тоҷикистон барафрохта шуд.