Факултети забон ва адабиёти рус соли 2019 ташкил шудааст. Факултет дорои ду кафедра- кафедраи забон ва адабиёти рус ва кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти рус мебошад.
Дар солҳои охир бо кумаки роҳбарияти донишгоҳ, кўшиши деканат, мудирони кафедраҳо ва азму ғайрати омўзгорон кори факултет куллан тағйир ёфта, шароити кории омўзгорон ва дарсомўзии донишҷўён рў ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Дар факултет бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Ҷамъияти ҳамкориҳои Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ славянӣ Маркази таълимии “Русское пространство” ташкил карда шудааст, ки барои забономўзии донишҷўён шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Ин марказ бо асбобҳои электронии муосир таҷҳизонида шудааст.
Факултет донишҷўёнро аз рўи се ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1-020302 – Забон ва адабиёти рус;
1-21050504 – Назария ва амалияи тарҷума (забони русӣ);
1-020304-02 – Забон ва адабиёти рус. Забони англисӣ.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар маҷмуъ фаъолияти омўзгориро дар бар мегирад.