Дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор дар таърих нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Ҳадафи аслӣ ва воқеан муҳимтарин натиҷаи мулоқоти онҳо имзои як созишномаи таърихӣ дар бораи пайванди марзҳои се кишвар буд, ки баҳсҳои атрофи он дар ду даҳсолаи ахир ҷонибҳоро на як бор ба даргириҳои мусаллаҳона бурдаанд.
Дар пасманзари ҳалли мушкили аслии равобити се ҷумҳурӣ сарони давлатҳо Эъломияи дӯстии абадӣ дар Хуҷандро имзо карда, ваъда доданд, ки ҳамкориҳои сеҷонибаро густариш хоҳанд ёфт.
Дар баробари баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоративу иқтисод ва энергетикӣ, сарони давлатҳо ба табодули санадҳои тасвиби созишномаи марзи давлатӣ сурат гирифтанд. Содир Жапаров ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар чаҳорчӯби тарҳи минтақавии CASA-1000 хатти интиқоли барқи байнидавлатии Датка-Суғдро ба кор андохтанд.
Се раисиҷумҳур ҳуҷҷати асосии мулоқот – созишномаро дар бораи нуқтаи вохӯрдани марзҳои ҷумҳуриҳо бо тантана имзо карданд. Тавассути пайванди видеоӣ стеллаи рамзӣ – муҷассамаеро, ки дар кунҷи сарҳадҳо гузошта шудааст, кушоданд, ки аз се сутуни нуқрагин бо ҳалқа аз берун пайваст буда, рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистонро нишон медиҳад.
Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони мизбони ин ҳамоиш дар робита ба мулоқоти сарони давлатҳо чунин гуфт: «Мо дар Тоҷикистон равобит бо Қирғизистону Ӯзбекистонро, ки бар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтааст, хеле қадр мекунем».
Ҷойгиршавии марзҳои се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар водии Фарғона – дар нуқтаи байни вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст. Инчунин, дар ин рӯз аз намудҳои зерини варзиш волисепдронӣ, варзиши сабук, намудҳои гуштин, шиноварӣ дар байни варзишгарони се кишвар мусобиқа доир шуд.
Ин санад воқеан ба халқҳои ҳар се кишвари дӯст оромишу субот оварда ва дӯстиро дар байни халқҳои ин се кишвар боз ҳам қавитар намуд.
Зинда бод дӯстии абадии халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз!
Умед Хоҷазода,
декани факултети педагогика ва варзиши ДДБ