Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зери роҳбарии Хурсанд Ҳамдамзода, Шурои илмии методии донишгоҳ бо иштироки аъзоёни шуро баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо сухани ифтитоҳии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.
Тибқи рӯзномаи Шурои илмии методӣ Қ. Гулов, мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот оид ба “Натиҷаи ташкили дарсҳои намунавӣ, кушод ва онлайнӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва ҷанбаҳои илмию методии онҳо”, Н. Холов, мудири кафедраи нақлиёти автомобилӣ оид ба “Сатҳу сифати донишазхудкунии донишҷӯёни хатмкунанда дар факултетҳои равияи омӯзгорӣ” ва Маҳкамзода Дилором, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ оид ба “Таълими технологияи мултимедиявӣ дар ихтисосҳои рӯзноманигорӣ” андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар Шурои илмии методӣ муҳокима ва тасдиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ – методӣ, муҳокима ва тасдиқи саволномаҳои фаннӣ (тестӣ) баррасӣ гардид.


