Факултети педагогика ва варзиш аз соли 1978 дар заминаи факултети омўзгорӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ҳамчун факултети мустаъқил таъсис ёфтааст.
Факултет аз рўи ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ, таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти тоҷик, таҳсилоти томактабӣ. Педагогика ва психология, сурдопедагогика, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ кадрҳои баландихтисоси соҳаи омўзгориро омода менамояд.
Факултет дорои 14 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи методӣ, 2 толори варзишӣ, 7 майдончаҳои варзишӣ ва як маҷмўаи варзишӣ мебошад.
Факултети педагогика ва варзиш бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи тарбияи ҷасмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рўдакӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи омўзгории (ФР)-и Алтай Донишгоҳи давлатии шаҳри Рязан ба номи С.А. Ессенин равобити илмӣ дорад. Факултет донишҷўёнро ба шуъбаи магистратура аз рўи 2 ихтисос таҳсилоти ибтидоӣ; таҳсилоти томактабӣ. Педагогика ва психология. ба тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ қабул менамояд.
Дар факултет 5 кафедра -кафедраи методикаи таълими ибтидої, кафедраи психология, кафедраи тарбияи љисмонї ва омодагии дифои њарбї, кафедраи педагогика ва психологияи тањсилоти ибтидої амал менамояд.
Кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ҳамқадами донишгоҳ буда, айни ҳол дар кафедра 2 нафар дотсентон, 5 нафар номзадони илм, 2 нафар саромўзгор ва 6 нафар омўгорон кору фаъолият карда истодаанд. Ин кафедра дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ихтисоси омўзгорӣ ва мураббиёни боғчаҳо саҳми муносиб дорад.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ солҳои зиёдест фаъолият намуда, дар тайёр намудани мутахассисони соња наќши намоён дорад.
Дар кафедра 25 нафар омўзгорони ботаҷриба ба донишҷўён дарс мегўянд. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ аз рўи ду самт- омўзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, методикаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон дар кафедраи мазкур маҳфили “Тарзи ҳаёти солим” фаъолият дорад.
Кафедраи педагогика яке аз сохторҳои муҳими факултет ба шумор рафта, баҳри таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳаи маориф, фарҳанг, соҳаҳои гуноугуни иқтисодӣ, техникӣ саҳмгузор аст. Кафедраи психология дорои омўзгорону равоншиносони сатҳи баланди касбӣ буда, барои омода намудани равоншиносони оянда саҳмгузор аст.
Дар факултет 1 нафар профессор, 3 нафар дотсент, 30 нафар номзадҳои илмҳои педагогӣ, саромўзгорон ва омўзгорону унвонҷўён кору фаъолият менамоянд.