Факултети химия ва биология моҳи августи соли 1993 ҳамчун факултети тиб таъсис ёфтааст. Имрўзҳо аксарияти хатмкардагони факуллтет дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд. Факултети химия ва биология дорои 16 синфхонаи дарсӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои корӣ мебошад.
Айни замон дар факултет зиёда аз 1250 нафар донишҷўён аз рўи 6 ихтисос: химия ва биология, биология – экология, биохимияи тиббӣ , химия (ФИИ) биология – химия, биология таҳсил мекунанд.
Дар факултет аз рўӣ ихтисосҳои химия, биология, шуъбаи магистратура фаъолият менамояд. Дар сохтори факултет панҷ кафедра- кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, кафедраи биологияи умумӣ, кафедраи экологияи умумӣ ва кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ амал мекунад.
Дар кафедраҳои факултет 58 нафар омўзгорони доимӣ ва ҳамкори дохилӣ кору фаъолият доранд, ки аз инҳо 3 нафар доктори илм профессор, 21 нафар номзади илм, 2 нафар саромўзгорону омўзгорон мебошанд.
Дар факултет 11 кабинети корӣ, 17 аудиторияи дарсӣ, 1 маркази компютерӣ 8 озмоишгоҳ (озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, химияи умумӣ, химияи физикӣ ва технологӣ, химияи органикӣ, биохимияи тиббӣ, биологияи умумӣ, физиология ва микробиология, озмоишгоҳи ботаника) ва зиёда аз 0,30 га қитъаи заминҳои таҷрибавии назди факултет ва 5 га заминҳои таҷрибавии “Зағертут” мавҷуд аст, ки дар он устодон ба шогирдон таълиму тарбия дода, инчунин корҳои илмию таҳқиқотӣ мебаранд.
Синфхонаҳои факултет бо 15 проектор ва доскаҳои электронӣ таҷҳизонида шудааст, ки аз ин шароит омўзгорон фаъолона истифода мебаранд.