Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон се кишвари ҳамсоя ва дорои таъриху фарҳанги ба ҳам наздик мебошанд. Ин миллатҳо дар тӯли асрҳо дар фазои ягонаи фарҳангиву иҷтимоӣ зиндагӣ карда, арзишҳои мушобеҳ ва урфу одати ҳамсонро парвариш додаанд. Онҳо дар як ҳавзаи ҷуғрофии муштарак қарор дошта, на танҳо бо марзҳо, балки бо риштаҳои дӯстӣ ва хешутабории мардумонашон ба ҳам пайванданд.
Солҳои охир равобити байни ин кишварҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ тақвият ёфтаанд. Боздиду мулоқотҳои сатҳи олӣ миёни сарони кишварҳо ба таври чашмрас афзоиш ёфта, барои рушди муносибатҳо ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Рафтуомади озоди шаҳрвандон, барқарор кардани муносибатҳои дӯстона ва таҳкими эътимоди тарафайн аз муҳимтарин дастовардҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар робита ба ин, соли 2025 барои минтақаи Осиёи Марказӣ як санаи тақдирсоз гардид. Дар рӯҳияи эътимонҳои муштарак роҳбарони се кишвари ҳамсоя ба марҳилаи наве аз ҳамкориҳои бисёрҷониба қадам гузоштанд. Созишномаҳои имзошуда, ташаббусҳои ҷонибҳо ва баландравии сатҳи муколама нишон доданд, ки дӯстӣ як зарурати таърихӣ ва омили рушди устувор мебошад.
Метавон, гуфт, ки Хуҷанд оғози равшан барои анҷоми баҳсҳои торик аст. Зеро, 31 март шаҳри Хуҷанд, ба сифати меҳвари иртиботи таърихиву фарҳангии ин се кишвар, шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардид. Сарони се давлат созишномаи муайянсозии нуқтаи марзии муштаракро имзо карданд, ки баҳсҳои чандинсоларо дар мавриди хати марз ба поён расонд. Бо гузаронидани вохӯриҳои сатҳи баланд ва таҳкими иртиботи мардумӣ, ҷонибҳо дар пайи онанд, ки заминаи устувори ҳамкориҳои ояндаро бунёд гузоранд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон бо кушодани марзҳо ва сабук кардани низоми вуруд байни шаҳрвандон намунаи равшани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро нишон доданд. Дар ҳамин ҳол, байни Тоҷикистону Қирғизистон низ бо вуҷуди баъзе мушкилоти марзӣ, талошҳои ҷиддӣ барои ҳалли осоишта ва ба роҳ мондани муколамаи созанда ба мушоҳида мерасад.
Робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф миёни ин се кишвар сол ба сол густариш меёбанд. Табодули донишҷӯён, баргузории ҷашнҳо ва рӯзҳои фарҳангии якдигар, ҳамчунин лоиҳаҳои муштараки тиҷоративу сармоягузорӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии минтақа дар ҳоли рушд аст. Мардумони ин кишварҳо аз ҷиҳати зиндагии рӯзмарра, муносибатҳои хешутаборӣ ва ҳамзистии осоишта дар манотиқи марзӣ ба ҳам вобастагии қавӣ доранд.
Вақте сиёсати бузург бо варзиш якҷоя мешавад, натиҷа метавонад рӯҳбаландкунанда бошад. Моҳи феврали соли 2025, се кишвар эълон карданд, ки мехоҳанд Ҷоми Осиёро дар соли 2031 якҷо мизбонӣ кунанд. Ин иқдом ба рушди инфрасохтории варзиш мусоидат намуда, ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки минтақа омода аст дар фазои дӯстиву ҳамзистӣ аз нақши тамошобин ба саҳнаи асосӣ барояд.
Дӯстии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон имрӯз ҳамчун як такягоҳи муҳим барои таҳкими субот, рушду нумӯи иқтисодӣ ва ҳифзи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Бо такя ба таърихи муштарак, анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва иродаи некбинонаи роҳбарону мардумон, ин се кишвар метавонанд дар оянда низ бо иттифоқу ҳамдигарфаҳмӣ роҳи рушду тараққиёти устуворро якҷо тай намоянд.
Маҳмадалиев Маҳмадалӣ,
магистранти курси 1-уми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав