Тибқи нақшаи кории шуъбаи Робитаҳои байналмилалии ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани дарсҳои маҷозӣ факултети таърих ва ҳуқуқ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай баргузор гардид.
Дарси маҷозиро аз ҷониби н.и.т. дотсенти кафедраи таърихи умумии ДДП Алтай Лидин Николай Николаевич дар мавзуи “Советская военная помощь Китаю во времия Японо-Китайская войны 1937-1945 гг.” бо забони русӣ баргузор намуд.
Ҳайати садорати факултети таърих ва ҳуқуқ бо роҳбарии декани факултет Б. Баҳодуров, профессор Д. Алимов, муовинони декан М. Баротов, Б. Муҳаммадзода, мудирони кафедраҳо н.и.т. Ғ. Мирзоев, Садриддини А., М. Қубонов ва донишҷӯёни курсҳои якуму сеюм, ки таълимашон бо забони русӣ мебошад иштирок намуда бо шавқу завқ дарсро гӯш намуданд.
Дар аввал профессор Д. Алимов бо дотсент Н. Лидин изҳору миннатдории Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусравро расонида ҳайати устодонро шинос намуд.
Сипас, дотсент Н. Лыдин дарси лексионии худро бо забони бурро ва ба ҳама фаҳмо гузаронд. Маърӯзачӣ чунин қайд намуд, ки “ҷанги Дуюми ҷаҳон миёни Ҷопону Чин солҳои 1937-1945” ӣа амал омадааст. ИҶШС дар ин ҷанг пуштибони Чин буд, ки онро бо яроқу аслиҳа таъмин менамуд.
Хулоса, дар дарс слайдҳо ва расмҳои давраи ҷангӣ истифода бурда шуд. Дар охир профессор Д. Алимов минатдории худро ба устод расонид ва ҳамин тавр дарс ҷамъбаст гардид.

