Бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар китобхонаи доншгоҳ хониши сиёсӣ дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар миёни ҷавонон” баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Н. Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Э. Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, А. Саидов, мудри кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, омӯзгорони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда иштирок намуданд.
Тибқи барномаи хониши сиёсӣ омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ С. Раҷабализода дар мавзуи “Омилҳои пешгирии амалҳои террористӣ дар миёни ҷавонон” ва Ш. Абдуллоев дар мавзуи “Баланд бардоштани ҳисси миллии ҷавонон ҳамчун омили пешгирӣ аз амалҳои ифротӣ” суханронӣ намуданд.

