Вохӯрии охири Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо як рӯйдоди сиёсии муҳим, балки заминаи рушди робитаҳои таърихию фарҳангии байни се давлат мебошад. Ин мулоқот дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ- шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд шоҳиди ҳамзистиву ҳамкории мардумони минтақа будааст, баргузор гардида, бори дигар аҳамияти ҳамсоядории нек ва зарурати таҳкими дӯстиро дар шароити кунунӣ собит намуд.
Робита байни Душанбе, Бишкек ва Тошканд, ки бар пояи эҳтироми тарафҳо, манфиатҳои умумӣ ва риштаҳои ногусастании таърихиву фарҳангӣ бино ёфтаанд, имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид мешаванд. Ҳамкории амиқ ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон на танҳо ба рушди устувори иқтисодии кишварҳо, балки ба таҳкими сулҳ ва субот дар минтақа низ мусоидат мекунад.
Дӯстӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намунаи равшани ҳамкории созандаи минтақавӣ мебошад. Ин раванд метавонад ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии тамоми Осиёи Марказӣ ва минтақа мусоидат намояд.
Рушду суботи ҳар яке аз ин давлатҳо ба вазъи умумии минтақа таъсири мусбат мерасонад. Бо такя ба риштаҳои қавии таърихиву фарҳангӣ, эҳтироми тарафҳо ва дарки манфиатҳои умумӣ ҳарсе давлати ҳамсоя метавонанд дар ҳалли проблемаҳои муосир муваффақ шуда, барои наслҳои оянда минтақаи амн, босубот ва шукуфонро ба мерос гузоранд. Роҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки реша дар умқи таърих дорад, имрӯз бо қадамҳои устувор идома дорад ва мулоқоти Хуҷанд далели равшани ин гуфтаҳо аст.
Имзои “Эъломияи Хуҷанд” санади муҳими таърихӣ миёни ин давлатҳо буда, дӯстии абадӣ миёни ин се кишвари ҳамсояро баён мекунад. Ин Эъломия, ки дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад.
Дар эъломия ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин оид ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ низ таъкид шудааст.
Аҳамияти ин санад дар он аст, ки он заминаи мустаҳкамро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни се давлати Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.
Эъломия дар таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкории минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мешавад. Саммити сеҷониба як марҳалаи муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ин воқеан як рамзи ваҳдату созиш байни ин кишварҳо буда, масирест, ки на танҳо муноқишаҳои гузашта ва баҳсҳои марзиро фаромӯш кунанд, балки роҳҳои наву устувори ҳамкориро барои рушди иқтисод, амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо намоянд.
Суҳроб Юсупов,
омӯзгори кафедраи иқтисодӣ ва
МТГ-и факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ