Рӯзноманигорӣ ва ё журналистика ниҳоди – махсуси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эҷодие мебошад, ки вазифаи асосии он ҷамоварӣ кардан, омода сохтан ва пахши ахбори иҷтимоӣ тавассути васоити ахбори омма аст. Зери мафҳуми Журналистика инчунин маҷмӯи фаъолиятҳои ҳамаи субъектҳои ин соҳа- касбҳои гуногун ва фанҳои илмӣ низ фаҳмида мешаванд.
Рӯзноманигорӣ ё журналистика, аслан ҳангоми пайдоиши матбуот ба вуҷуд омада то пайдо шудани нашрияҳо иттилоърасонӣ дар шакли ҷорчигӣ, воизӣ ва қаландарӣ амалӣ мешуд. Дар марҳилаҳои таҳқиқшаванда ба ҳайси як шакли фаъолияти журналистӣ, фаъолияти ҷорчиён ҳам ёдовар шуда метавонад. Онҳо ашхосе буданд, ки тозатарин ахбори мансуб ба дарборро ба шаҳр ва қарияҳо паҳн мекарданд. Маъмулан ин хабарҳои ҷанг, ё пирӯзӣ, тантана, хабарҳои мақоми олӣ ва монанди ин буд.
Ихтироъи дастгоҳи чопкунанда боиси ривоҷу равнақи назарраси ин соҳа гардида дар ташаккули иртиботи оммавии хаттӣ саҳми арзанда гузошт. Аз таърихи журналистика маълум аст, ки аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо ба вуҷуд омадаанд, вале ин нашрияҳо бештар равияи илмӣ доштанд ва дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, иттилоърасонӣ ва ташвиқу тарғиб дар сатҳи паст қарор дошт. Вале аз охири асри Х1Х сар карда аз Ҳиндустон, Миср ва Аврупою Русия ба сарзамини Мовароуннаҳр рӯзномаҳо ворид мешуданд, ки аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мадании мамолики олам ва гоҳ-гоҳе Осиёи Марказӣ, хоса Аморати Бухоро низ хабарҳо интишор мешуданд. Хушбахтона нқилоби буржуазии Аврупо ба инкишофи журналистика такон бахшид.
Матбуоти озод қудрати бузург дорад, агар таҳти вожаи қудрат тавони таъсир ба дигарон фаҳмида шавад. Дар кишвари демократӣ маъмулан воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд, ки иттилоотро аз ѓайри мувофиқаи пешакии ҳукуматдорон интишор диҳанд. Дар аксари кишварҳо журналистон таҳти ҳимояи қонунанд, ки ба шарофати ин аз ҳуқуқҳои мазкур метавонанд истифода баранд. Аммо ҳуқуқҳо, вазифаҳоро низ дар пай доранд. Вазифаи асосии журналистон дар ҷомеаи озод пешниҳоди иттилооти саҳеҳ ва ҳаққонӣ бо риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ мебошад.
Ҳоло дар тамоми ҷаҳон соҳаи журналистика пешравиҳои чашмгири худро дорад ва ҳамарӯза ташаккул ёфта истодааст. Журналистика на фақат як касб, балки як қисми муҳими ҳаёти ҷомеаи башарист.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин соҳаи пурқуввате, ки қодир аст ҷаҳонро тағйир диҳад эътироф карда аз соли 1912 то ба имрӯз дар ташаккули он саъй дорад. Нахустрӯзномаи тоҷикӣ „ «Бухорои шариф» соли 1912 дар шаҳраки Когон (наздикии Бухоро) ба табъ расид. Баъд аз ин боз рӯзномаи «Самарқанд» (1913) ва маҷаллаи «Оина» (1913-1915) интишор гардиданд. Дар аввал журналистикаи тоҷик хусусияти маорифпарварона дошта бо дастгирии маорифпарварону таҷаддудхоҳон ба вуҷуд омад ва ислоҳоти мактубу маорифро пайгирӣ мекард.
Яке аз чунин рузномаҳо, ки дар як муддати кӯтоҳ тавониста буд гурӯҳи калони адибону публисистонро дар атрофи худ мутаҳҳид кунад, ин рузномаи «Овози Тоҷик» буд. Аз рӯзҳои аввал бо он Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Бобоҷон Ғафуров, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ ва дигарон ҳамкорӣ мекарданд.
Рушди илму техника боиси инкишофи шаклҳои гуногуни журналистика гардид. Дар солҳои 1920 журналистикаи суратгирӣ, дар солҳои 1930 журналистикаи радио, дар солҳои 1950-1960 урналистикаи телевизион ва дар ибтидои асри XXI журналистикаи чандрасонӣ ба вуҷуд омад. Яке аз рӯзномаҳои машҳур ин «Тоҷикистони шӯравӣ»- мебошад. Ин рӯзнома аз солҳои 1990-1991 барои ҷудо шудан аз ноширонаш талош кард ва аз 9 сентябри 1991 то ба имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад.
Эҳтироми журналистон ва баланд нигоҳ доштани арзишҳои ҳуқуқии васоити ахбори омма аҳолии мамлакатро ба бовар кардани озоди куллии ва эътирофи ҳуқуқҳои онон водор мекунад. Дар замони истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ” Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ рушд карда, фазои иттилоотии мамлакатамон ташаккул ёфт.
Мувофиқи моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва инчунин моддаи 19-и Паймони байналмиллалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ ба ҳар як шахс ҳуқуқи озодии сухан ва баёни ақидаро кафолат додааст. Ин ҳуқуқу озодиҳо риояи бемамонеаи ақида, ҷустуҷӯ, коркард ва интишори иттилоот ва афкорро ба ҳар васила, бидуни имулоҳизоти марзӣ ва ё давлатӣ фаро мегирад. Ҳар як монеае, ки аз ҷониби гурӯҳҳои қонунгузори давлатӣ дар ин самт муайян карда мешаванд, бояд барои эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи ашхоси дигар, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ зарур бошанд. Яъне, ин ҳуқуқҳо набояд дар ягон шароити дигар маҳдуд карда шаванд. Ба мисли дигар ашхос ва касбу кори гуногун журналистон хам хуқуқу озодихои худро доранд.
Озодии фаъолияти журналистро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1) Озодии ичтимоӣ-эҷодии журналист. Яъне дар ҷамъият озод будан.
2) Озодии хуқуқии журналист. Яъне дар доираи хуқуқҳои мавҷудаи худ фаъолият намудани ӯ. Ягон шахс наметавонад хуқуқҳои журналистро поймол кунад.
3) Озодии иқтисодии журналист. Яъне журналист бояд аз касе вобаста, муҳтоҷ ва дастнигар набошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор яке аз меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар карда шуда, бо мақсади рушди расонаҳои хабарӣ ва кафолати озодии баён сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ гардид.
Чунон, ки аз таърих бармеояд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти пурсамари худ ба ҳайси Сарвари давлат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакат баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳими иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд. Устод Садриддин Айнӣ дар яке аз мақолаҳои худ чунин навишта буданд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Дар ИҶШС аз солҳои 1920 донишкадаҳои коммунистии журналистика фаъолият мекунанд.
Дар Тоҷикистон бошад, соли 1966 дар факултети филологияи тоҷики ДДТ шуъбаи журналистика таъсис ёфта дар заминаи он соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд. Имрӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон як факултет ва 7 шуъба бо ихтисосҳои гуногун журналист тайёр мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати аввалини худ бо журналистон, ки соли 1992 дар вилояти Суғд баргузор гардида буд, рӯзноманигоронро ба ҷусту чолокӣ ва фаъолу ҳушманд будан дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуда, саҳми матбуоти даврӣ, умуман, кулли ВАО-ро чун василаи тавонои тарғибу ташвиқ дар ташаккули афкори омма ва пешрафти давлат бориз хонданд.
«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад», – ин таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф шуда, дар ҳалли саривақтии масъалаҳои барои ҷомеа мубрам бармало таъсиргузор мебошанд.
Аз ин рӯ, ба омӯзиш ва самти фаъолияти журналистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардан зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳими журналистика хислати эҷодии пешаи журналистӣ мебошад. Журналист на танҳо рӯйдодҳоро инъикос мекунад, балки онҳоро шарҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ду навъи журналистика ба вуҷуд меояд: журналистикаи хабаррасонӣ, рӯзноманигории ва журналистикаи таҳлилӣ. Журналисти муосир бояд ҷаҳонбиниаш васеъ, дорои сифатҳои муайяни шахсӣ, ҳамакор, ҷӯянда, кунҷков, хушмуомила, дилёб ва кордон бошад.
Рӯзноманигор бояд ҳангоми дурӯѓро аз рост ҷудо кардан, ки ба қонунҳои ахлоқ асос меёбад, қобилияти идора карда тавонистани худ, эҳсосот ва иззату нафси худро дошта бошад. Ин бунёди ахлоқи рӯзноманигорист. Ахлоқи рӯзноманигор на танхо ба соҳаи одобу ахлоқ, балки ба соҳаи касбу тахассус ҳам тааллуқ дорад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои беназири Пешвои миллат фазои мустақили фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва эҷодкорон ташаккул ёфта, як силсила қонунҳо, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар мекунанд, ба тасвиб расида, дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат намудааст. Ҳамзамон, бо мақсади сайқал додани маҳорати касбии кормандони идораҳои воситаҳои ахбори омма бо ибтикори Сарвари давлат 1-уми марти соли 2016 Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис ёфт. Дар он шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунад ва бозомӯзии кормандони соҳа, асосан, дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд.
Матбуот аслиҳаи пурқудрат ва буррост. Дар ҳама давру замон вай ҷорҷии ҳақиқат бояд бошад. Одамон аз ин рӯ, ба матбуот боварии беандоза зиёд доранд, зеро вай ҳаётро ҳаматарфа инъикос мекунад. Ҳастанд ашхосе, ки дар фаҳмидани хабару рӯйдодҳо пурра ба рузноманигорон такя мекунанд, вале дар айни ҳол ҳастанд онҳое, ки умуман ба журналистон бовар намекунанд ва онҳоро дуруғгӯй меҳисобанд.
Солҳои охир бисёр кӯшиш мешавад, ки кори журналистони муҳаққиқ ва хатто журналистони оддиро аз нигоҳи танқид муҳокима кунанд. Аз ҳамин замимаи хурдакак тасаввуре аз он хусус ҳосил кардан мумкин аст, ки одамони касбу ихтисосҳои гуногун дар бораи таҳқиқоти журналистӣ чи ақидае доранд. Аммо ҳатто онҳо ҳам эътироф мекунанд, ки ВАО-и озод барои демократия муҳим аст.
Барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ нақши рӯзномаҳо хеле калон аст. Дар саҳифаҳои «Тоҷикистони Советӣ» таҳти рубрикаи «Ба забони тоҷикӣ-мақоми давлатӣ», «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» ва ғайраҳо мақолаҳои академикҳо чоп гардиданд. Ин пешниҳодро дар рӯзномаҳо Лоиқ ва Адаш Истад ва баъд ин раванд авҷ гирифт ва қонунӣ гашт. Унвони мақолаи Адаш Истад «Забони миллат-боигарии миллат» ба рубрикаи доимии рӯзнома мубаддал гардид.
Аз ин рӯ, нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст. Ҳамин аст, ки ВАО ҳамеша дар ҳар як мамлакат таъсири ҷиддии худро мерасонад.
М. Маҷидзода,
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»