Ваҳдат яке аз авомили мустаҳкам ва устувори тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳидоятгари бошууронаву мақсадноки воҳидҳои иҷтимоӣ, хоҳ хонавода, хоҳ қабила ва хоҳ миллату ҷамъият мебошад, ки аъзои ҷомеаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои моҳияти умумидошта сафарбар менамояд.
Дарвоқеъ, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуда истодааст, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд.
Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.
Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боис гардид. Ифодаи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.
Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро
дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳими минтақавиву байналмилалӣ рафъат бахшид.
Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархӯрдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш мабнӣ аз сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳост. Бояд таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки масоили фавқуззикр аз арзишҳои баланди инсонӣ ба шумор мераванд, дар тӯли таърихи гузашта гоҳе ҳам шуда, ки адами ин масоил барои миллати тоҷик фоҷиаҳои зиёдеро ба бор оварда, боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ низ гардида буданд, аммо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ин арзишҳо барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кардаанд ва миллати моро аз нобудшавӣ эмин ва барои расидан ба ҳадафҳои волои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳидоят намуда, то ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ оварда расониданд.
Сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Пӯшидаву пинҳон нест, ки тамоми динҳои ҷаҳон, бахусус дини мубини ислом, ҳама гуна ҷангу низоъъро маҳкум ва сулҳу оштиро тарғибу талқин мекунанд, чунки сулҳ дар фарҳанги мо – тоҷикон беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодати кавнайн аст. Роҷеъ ба масъалаи ҷанг ва сулҳ дар «Қуръон» махсусан дар сураи «Ал-ҳиҷра» чунин таъкид шудааст: «Ва агар ду гурӯҳе аз муъминон ба ҳам биҷанганд, онҳоро ба сулҳ кардан моил созед». Бо назардошти ба эътибор гирифтани таълимоти «Қуръон» ва аҳодиси набавӣ миллати тоҷик дар такя бо консепсус, компромис, эҳтироми рақиби сиёсӣ ва монандаи инҳо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ ва мутараққии воқеӣ ин армонҳоро бо мафкураи солими кулли аъзои ҷомеа вобаста медонад.
Роҷеъ ба моҳияти сулҳу субот ва натиҷаи ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкидан чунин мегӯянд: «Дар ин робита мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳу субот ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем».
Дарвоқеъ, роҳи ягона ва кафолати ҳатмии инкишофи ҳамаҷиҳата устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, коҳиш додани сатҳи фақр, сарсабзу зебо ва боз ҳам обод намудани Ватан натиҷаи сулҳу салоҳ ва суботу оромӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, ки сулҳу субот ва амониву оромии ҷомеаро чун мардумаки чашм ҳифзу ҳимоят намояд, зеро маҳз аз баракати иттиҳоди неруҳои ақлонӣ ва муттаҳид сохтани қувваҳои сиёсӣ истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватан ҳифз ва мардуми заҳматкаш аз оворагиву парокандагӣ эмин хоҳад монд.
Ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ дар назди мардуми куҳантаърихи тоҷик вазифа ва масъулияти хеле муҳим ва ояндасозро пеш гузошт, ки арзишмандтарини онҳо ватандӯстӣ, сулҳу субот, бунёди давлати миллӣ ба шумор мераванд. Ин арзишҳо боис мегарданд, ки мақому мартабаи инсон дар ҷомеа боз ҳам баланд гардад. Масоили иқтисодиву иҷтимоиёт рушд кунад, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар таъсирпазир бошад ва монанди инҳо. Ин арзишҳо аз ҳар фарди ҷомеа тақозо мекунад, ки ҳисси масъулиятшиносиашро баланд бардорад ва дар ҳалли мусбати муаммоҳои зиндагӣ саҳмгузор бошад.
Масоил ва ақидаҳои ягонагӣ ва ваҳдатгароӣ дар тӯли мавҷудияти башарият яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин мавзӯоте мебошад, ки мавриди арзёбӣ ва нашву иртиқои беҳтарин падидаҳои тамаддуни умумиинсонӣ дар риштаҳои мухталифи улум гардидааст. Ба ҳамагон возеҳу рӯшан аст, ки маҳбубтарину бузургтарин офаридаҳои маънавии мафкураи инсонӣ, аз замони қадим то кунун,тамоюле ба ҷониби ваҳдати ҳақиқӣ дорад, ки фарҳангу адаби форсӣ-тоҷикӣ дар ташаккулу густариши масъалаи мавриди назар саҳми арзанда дорад.
Ваҳдати милал, ваҳдати башар, ваҳдати адён, ваҳдати вуҷуд, ваҳдати шуҳуд ва амсоли инҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳукамо, орифон, адибон, давлатмардон ва дигар табақаҳои мунавварфикри аҳди бостон қарор дошт ва минбаъд низ ин масоил дар афкору аъмоли пасвандон ба таври боиставу шоиста густариш ёфта, ба дараҷаи волои худ расид. Нуқтаи муҳимме, ки дар ин ҷойгоҳ зикраш бамаврид аст, он аст, ки аввалин хидмат барои рушду густариши ягонагиву ваҳдати милал хидмати тамаддуни куҳани ориёитабор ба тамаддуни ҷавони ин ақвом аст, яъне тамаддуни куҳани ориёӣ, ки саропо ваҳдатгар ва аз якдигарфаҳмӣ иборат буд, ба тамаддуни ҷавону ҷадиди он кумаку хидмати чашмгире намудасат.
Тафаккур ва андешаи миллӣ ва дар заминаи он арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашарӣ зуҳуроте мебошад, ки аз аҳди бостон дар фарҳанги миллати тоҷик шомил гардида, то кунун идома дорад. Ин фарҳанг аз тафаккур ва пиндори пурғановати мардуми ориёнии аҳди қадим шурӯъ гардида, батадриҷ ба мафкура ва маънавиёти ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст ва падидаҳои мусбати тамаддуни ориёӣ дар ташаккулу рушди маданияти халқҳои дигар саҳми арзишманде гузоштааст. Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ нақши боризе гузоштааст, метавонад дар замони навпои ва истиқлолияти навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо он ҳама ҳикмату тадбирҳои созандааш, баҳри пешбурди ҳама соҳоти хоҷагии халқ ва ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошад.
Барои ин мо – мардуми Тоҷикистонро лозим аст, ки аз фарҳангу маънавиёти гузашта сабақ омӯзем ва кулли мардумро дар роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ва эҳёи фарҳанги ориёӣ тарбия ва ҳидоят намоем, зеро эҳёи тафаккури миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддуни ориёӣ ва дар заминаи он эҳёи фарҳангу тамаддуни муосири миллати тоҷик воситаи муҳимму муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули рушди ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро ба ваҳдату ягонагӣ ва шукуфоиву бунёдкорӣ хоҳад расонд.
Мусаллам аст, ки илму фарҳанг, расму оин, мазҳабу кеш, забон, иқтисод, марзу бум, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот ҷавҳар ва бақои миллат маҳсуб мешаванд ва ҳар як миллати воҳид маҳз ба василаи ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешаванд. Мардуми маърифатдӯсту тамаддунофари тоҷик анъаноти волои гузаштагони хешро ҳифз намуда, бо такя ба
арзишҳои маънавиву ахлоқӣ ва сиёсиву фарҳангӣ аз дер боз миллати худро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ ҳидоят карда, ба сӯйи тамаддуни мутараққии умумибашарӣ гом мегузорад. Имрӯз дар ҷаҳон милали гуногуне вуҷуд доранд ва он чизе, ки онҳоро ба шакли як миллати воҳид ва ягона даровардааст, зиндагии якҷоя ва қонуну ҳукумати ҳамҷояву муштарак аст, на чизи дигар аз қабили миллату нажод ва мазҳабу хун. Ваҷҳи муштараки ин воҳидҳо он аст, ки онҳоро ҳукумати воҳиде идора мекунад. Мо тоҷикон, ки собиқаи таърихии тӯлонӣ дорем ва аз ҷиҳати ҳукумату қонунҳо дорои вазъи хоссе ҳастем, аз дигар милал танҳо бо фарҳангофарию башардӯстӣ, меҳмоннавозиву сулҳпарварӣ, ваҳдатдӯстиву якдигарфаҳмӣ ва дигар суннатҳои хоссамон фарқ мекунем.
Аз афкори назарӣ ва амалии бузургонамон медонем, ки ҳудуду қаламрави зӯру зар маҳдуд аст, зеро миллатеро метавон ба василаи зӯрӣ мутеъ кард, аммо бо зӯрӣ наметавон ихлосу имон, бовару эътиқод, андешаву ҷаҳонбинӣ ва дигар эҳсосоти ғоявии ӯро дар як муддати кӯтоҳ мусаххару ром намуд. Барои ҳамин ҳам, мағлубият ва шикасти низоъмӣ шикасти мағлубияти ниҳоӣ нест, шикасти ниҳоӣ шикасти унсурҳои ғоявӣ, миллӣ ва фарҳангӣ аст, ки баробари аз байн рафтани онҳо миллат тадриҷан аз байн меравад. Агар чунин намебуд, номи миллати тоҷик дар давоми асрҳои зиёд, ки мутеи дигар ақвом буданд, аз рӯйи замин бардошта мешуд, вале ин миллат бо назардошти устувор будан дар ақида, андеша, забон, расму ойин, илму фарҳанг ва дигар арзишҳои ғоявӣ на ин ки аз
байн нарафт, балки рушду таҳаввул ёфта, худро ба оламиён ҳамчун як миллати бофарҳангу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ, некандешу мутамаддин муаррифӣ карда тавонист.
Зикр кардан бамаврид аст, ки натсионализм ё худ миллатпарастиро набояд ба таври куллӣ мавриди инкору маҳкум қарор дод, зеро агар миллатпарастӣ мӯҷиби ҳамбастагии бештару равобити ҳасанаи бештар ва хайрандешиву эҳсони бештар ба касоне, ки бо онҳо зиндагии муштарак дорем, гардад, муқобили мантиқ нест, вале агар ин падида афродро таҳти унвони миллиятҳои мухталиф аз якдигар ҷудо карда, иртиботи душманонае миёни онҳо ба вуҷуд орад, ҳуқуқҳои онҳоро куллан поймол созаду нодида гирад, хилофи ақлу мантиқ ва сазовори маҳкум аст.
Сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоюли миллатдӯстӣ эҳсос мешавад, миллатпарастии бегазанд буда, ягон афродро мавриди таҳқиру таън қарор намедиҳанд, балки тамоми миллиятҳои дигарро ба дӯстиву рафоқат, ба сулҳу салоҳ даъват мекунад. Бидуни шакку тардид, сиёсати кунунии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сулҳу ваҳдат ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ сиёсати танҳо Тоҷикистон набуда, балки тамоми дунё ин сиёсатро пайравӣ ва пазироӣ мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки эҳсосоти миллӣ ва натсионализм ин аст, ки ҳар чизе, ки маҳсули як сарзамини воҳид ё натиҷаи тафаккури мардуми он кишвар аст, ҳамон чиз аз назари он мардум бояд миллӣ шуморида шавад ва ҳар чизе, ки аз қаламрави дигар омадааст, бояд барои мардуми ин сарзамин бегона ба ҳисоб ояд.
Дар асл ин баҳодиҳӣ ва муқоисакунӣ дурусту саҳеҳ нест. Баракс, ҳар чизе, ки моҳиятан судманд асту ба нафъи мардум нигаронида шудааст, агар дар марзҳои бегона ба василаи афроди ғайри он миллат ҳам ибдоъ ва кашф шуда бошаду миллати дигар кишвар барои пазироии вай оғӯши худро боз кунад, онро наметавон бегонаву хориҷӣ донист. Дар иртибот ба ин гуфтаҳо метавон пайғамбарон, бузургони илм ва кулли донишмандонро, ки мардуми тамоми ҷаҳон аз онҳо суд бардоштаанду мебардоранд, мисол овард, зеро ин бузургмардон ба ҳамаи ҷаҳон тааллуқ доранд ва ақидаву фармонҳо ва зиндагии онҳо дар маҳдудаи як қавму миллат маҳсур нест.
Ҳамчунин офтобу барфу борон ва амсоли инҳо махсуси ҳеҷ миллате нест ва ҳеҷ миллате нисбат ба онҳо эҳсоси бегонагӣ намекунад.
Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки ҳар як падидаи моҳияти умумибашарӣ дошта, ки аз ҷониби афроди ин ё он миллату қавм ба вуҷуд меояд, танҳо моли худи ҳамон қавму миллат дониста намешавад, ҳамчунин он чи ки аз марзҳои бегона ворид мешаваду аз ҷониби аксарият қобили қабул мегардад, хориҷиву бегона нест.
Аз маҷмӯи матолибе, ки гуфта шуд, дониста мешавад, ки сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон роҷеъ ба сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ хусусияти умумибашарӣ дошта, аз қаъри асрҳо об мехӯрад. Ҳамагон ба хубӣ огоҳанд, ки аксари мардуми ҷаҳон баҳри озодӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳояшон даҳсолаҳо ва садсолаҳо мубориза бурда, саранҷом аз асорату бандагӣ озод шуда, ваҳдати миллиро ба даст овардаанд. Маҳз ҳамин ваҳдат боис гардид, ки онҳо сарҷамъона ба бунёди давлати соҳибистиқлол камар банданд.
Р. Тағаймуродов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»