Ба ҳама аҳли ақлу хирад мусаллам аст, ки соҳиб шудан ва ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ барои ҳар як халқу миллат ҳамчун падидаи нек ва арзишманду муқаддас ба ҳисоб меравад. Чунин рӯзи нек ва арзишманду муқаддас 9-уми сентябри соли 1991 дар баробари дигар Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба халқи куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик низ фаро расиду ӯ соҳиби давлати соҳибистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Имрӯз зиёда аз се даҳсола мешавад, ки халқи тоҷик ва дигар мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва талошу кӯшишҳои содиқонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, пойдорӣ ва устувории пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он ба пеш ҷаҳду ҷадал дорад.
Дар ҳамин раванд, бояд фикри муҳимми дигареро зикр намоем, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, чӣ тавре дар боло ишора рафт, барои дилхоҳ халқу миллат ин як падидаи нек ба ҳисоб меравад. Аммо ин Истиқлолияти давлатиро дар ҷомеаи пуртазоди ҷаҳони муосир, ки дар қисми зиёди мамлакатҳо бесарусомониҳо ҳукмрон аст, пойдору устувор ва дар рушду такомул нигоҳ доштан чандин баробар мушкил ва сангинтар аст.
Имрӯз, боиси ифтихор аст, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷиконро баъди соҳиб шудан ба Истиқлолият ҳамчун давлати созандаву бунёдкор, фарҳангсолору тамаддунофар ва ташаббускор сар то сари олам мешиносанду эътироф мекунанд. Дар олами муосир халқу миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати халқи дорои таърихи қадимаву пурифтихор ва бо фарҳанги волову илму адабиёташ мешиносанд. Зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, аз Абуабдулло Рӯдакӣ, Ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва садҳо мутафаккирони бузурги гузаштаи мо то Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар бораи фарҳанг ва илму адаб асарҳои безаволе навиштаанд, ки то замони муосир аҳамияти волои таълимиву тарбиявии худро аз даст надодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир мо шоҳиди он гашта истодаем, ки фарҳангҳои бегона ба шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, то як андозаи муайян таъсири манфии худро расонида истодаанд. Дар шароити баамаломадаи имрӯза ҳар як шаҳрванди ҷомеа имкон дорад, бе ягон монеа ба воситаи телефонҳои мобилӣ ё компютер дар фазои интернетӣ вазъ ва дар кадом ҳолат қарор доштани ҷомеаи ҷаҳониро омӯхта, иттилооти заруриро аз худ карда, таҳлил намуда, ба хулосае биояд.
Маҳз ҳамин раванд яке аз равандҳои хавфноке мебошад, ки хеле ташвишовар буда, бархе аз насли ҷавонро ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремитӣ ва тақлидкорӣ ба фарҳангу ахлоқи бегона мекашад. Албатта, ин аз он далолат медиҳад, ки на ҳамаи шаҳрвандон, махсусан баъзе аз ҷавонон, аз таърих, тамаддун, ҳувияти миллӣ, илму фарҳанг ва адабу хиради азалии хеш ба дурустӣ огоҳӣ доранд. Ва ин ноогоҳӣ ба миллати мо зарбаи сахте мезанад.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ин маънои онро дорад, ки мо, пеш аз ҳама, дар қалбҳо ва ниҳоди худ меҳру муҳаббати халқу миллат ва меҳани хешро дорему мепарварем. Худшиносу худогоҳ будан ин маънои онро дорад, ки мо таърих, фарҳанг, илму адаб, ҳувият, таҳаввул, расму оин, анъана, тамаддун, маданият ва рисолати азалии халқу миллати хешро хеле хуб фаҳмида, аз куҷо омадану ба куҷо рафтан, моҳият, мафҳум ва ҳадафи ниҳоии зиндагии онро ба тамоми ҳастии худ дарк менамоем.
Худшиносӣ ва худогоҳӣ яке аз қисматҳои таркибии ватандорӣ буда, ба пиндор, гуфтор, рафтор ва муносибати иҷтимоии шаҳрвандон, ки ҷавҳари асосии он муҳаббат ва хидмат ба халқ, миллат ва Ватан, таъмини ягонагиву якпорчагӣ, ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол, амнияти манфиатҳои миллӣ ва рушду такомули устувори ҷомеа вобаста мебошад.
Дар шароити рушди ҷомеаи ҷаҳони муосир хавфу хатар ва таҳдиди амнияти манфиатҳои миллӣ тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон ба яке аз вазифаҳои умдатарини ҷомеаи кунунии мо мубаддал гаштааст. Чунки дар замони имрӯза дар шаҳрвандон, бавижа ҷавонон, марҳилаи муҳиму пурмаҳсули тарбияи худшиносиву худогоҳӣ фаро расидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии ҳар як инсон яке аз вазифаҳои муҳимми шахсияти ҳамаҷониба ташаккул ва рушдёфта мебошад. Бинобар ин, мо – падару модарон, устодону омӯзгорон ва дигар ниҳодҳое, ки ба таълиму тарбияи шаҳрвандон ва насли наврас ва ҷавонон сару кор доранд, дар қалбу шуури онҳо ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, меҳру муҳаббат ба халқу миллат, Ватан, эҳтиром ба давлату ҷомеа, дастовардҳову комёбиҳои бузург ва пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи гузаштаи миллатро бояд рушду такомул диҳем.
Таъкид бояд кард, ки дар шароити рушди ҷомеаи муосир ва дар раванди худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони кишвар, дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеа, воситаҳои ахбори омма ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми тарбиявӣ метавонад мавқеъ ва мақоми бениҳоят бузургро дошта бошад.
Ҳамин нуқтаро бояд зикр кард, ки дар раванди тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон омилҳои объектививу субъективии зиёде арзи ҳастӣ доранд, ки воситаҳои ахбори омма яке аз онҳо ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷомеаи Тоҷикистон, ба хотири вусъат бахшидани тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, зарурат ба миён омадааст, ки масъалаи мазкурро воситаҳои ахбори омма чи ба воситаи садову симо ва чи маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ тарғибу ташвиқ намояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) оид ба масъалаи ҷавонони кишвар сухан карда, аз ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба ватандории онҳо чунин изҳори ақида карда буданд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Дар ин ҷо бояд ишора ба он намоем, ки мақсади воситаҳои ахбори омма дар таблиғоти масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаҳмонидани моҳият ва мафҳумҳои объективии некӣ ва бадӣ, табдил додани тафаккур ва шуури шаҳрвандон ба ғояҳои (идеяҳои) олии таърихи халқи тоҷик ва ба ин восита, эҳё намудани ғояҳои шахсии ҳар як шаҳрванд оид ба аҳамият ва арзиши шоистаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нуқтаи муҳими дигар дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон он аст, ки агар ВАО дар рафти фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намояд, чунин тарзу усули кор барои тарбия намудани шахсиятҳои инсондӯст, ватанпарвар, бофарҳангу бомаърифат, ботаҳаввулу боиффат ва дигар хислатҳои неки ахлоқи волои одамӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.
Масалан, барои намуна аз як сафҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» (27 январи соли 2025) оид ба сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар вохурӣ бо мардуми шарифи ин диёр чунин мавод пешкаш карда шудааст.
Дар мулоқоти шоир Зафар Аҳмад бо Ҷаноби Олӣ оварда шудааст:
«Сано хонам, ман он марди Худоро.
Садоқатпешаву аҳду вафоро.
Ватандору ба ҷон дилсӯзи миллат,
Расид, эй Пешво, иқболу нусрат,
Зи Эзид нури Раҳмонӣ шуморо!
Ё ин, ки боз дар ҳамин ҷо омадааст: … Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Шумо муаррифгари миллат ва давлати Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ҳастед ва мо ифтихор мекунем, ки сарварони бузургтарини давлатҳои ҷаҳон Шуморо арҷ мегузоранд ва ҷонибдори сиёсати сатҳи ҷаҳонии Шумо мебошанд…
Афкори дилпуркунандаи Шумо – Пешвои муаззами миллат- «Ватани моро ба ҷуз ману Шумо каси дигар обод намесозад», имрӯзҳо шиори мардуми тоҷик гардида, ободии роҳу маҳал ва мавзеъҳои таърихиву ҷамъиятӣ боиси ифтихори мо мебошанд ва аз ояндаи неку дурахшон башорат медиҳанд».
Бубинед, ин суханҳо сар то сар, мағз андар мағз пур аз меҳру муҳаббат, садоқат, ифтихор аз халқу миллат, Ватан ва сарвари давлат буда, ба торҳои нозуктарини қалби кас таъсир мекунад, руҳу равони ӯро бедор намуда, ба олами худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят мекунад. Маҳз чунин аст таъсири ВАО ҳамчун воситаи муҳими тарбияи худшиносиву худогоҳии ҳар як шаҳрванди Меҳан.
Худшиносӣ ва худогоҳӣ ин на фақат халқу миллат, таърих, фарҳанг, илму адаб, расму оин ва анъанаҳои онро шинохтан аст, ин пеш аз ҳама, ба манфиати ӯ хидмат кардан ва фидоӣ будан, барои ҳифзи арзишҳо, муқаддасот ва марзу буми Ватан ҳамеша омода будан аст.
Худшиносиву худогоҳӣ як қисмат ва паҳлуи муҳимми ватандӯстӣ ва ахлоқу маънавиёти инсон ба ҳисоб меравад, ки маҳак ва ҷавҳари асосии он муҳаббат ва хидмат ба халқу миллат ва ҳифзи Меҳан, ягонагиву якпорчагӣ ва озодиву соҳибистиқлолии ҳар як кишвар, амният ва рушду пешравии он мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ таҳти унвони «Уфуқҳои истиқлол» ба воситаҳои ахбори омма дар амнияти иттилоотии кишвар ва рукни асосии пешбарандаи ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандони он баҳои арзанда дода, чунин овардааст: «Яке аз омилҳои таъмини амнияти иттилооти кишвар рушди воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ аст, ки фазои иттилоотии ватаниро бо ахбори шаффоф ва беғарази худ пур мекунад. Манфиат ва арзишҳои миллӣ ва суботу оромии оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлатӣ ва ҷомеа хидмат менамояд».
Хидмати воситаҳои ахбори омма дар ҳамин шабу рӯз ҳамчун воситаи муҳими мубориза бар зидди тероризм, экстремизм ва ифротгароӣ буда, тарғибу ташвиқи масъалаи тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони ҷомеаро ба роҳ монда, онҳоро дар руҳи амнияти манфиатҳои миллӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳифзи марзу буми Меҳан аз хавфу хатарҳои дохиливу хориҷӣ таъмин карда истодааст.
Имрӯз ба ҳама равшан аст, ки саҳми воситаҳои ахбори омма дар раванди тарбияи худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон, хусусан дар даврони бунёди давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле муҳим ва басо зарур аст. Агар воситаҳои ахбори омма ҳарчи бештар ба тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон машғул шавад, шаҳрвандонро ба асосҳои илму дониш, таъриху фарҳанги халқу миллат шинос намояд ва дар вуҷуди онҳо фазилатҳои ахлоқи ҳамидаи инсониро ташаккул ва рушд диҳад, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ВАО аз уҳдаи рисолати худ дар ҷомеа бо сарбаландӣ баромадааст.
Бояд ҳамин андешаро зикр намуд, ки худшиносиву худогоҳӣ ин неруи бузурги инсоние мебошад, ки пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии ҷомеаро мустаҳкам намуда, дар рушду такомули миллату давлат нақши муҳим дошта, таҳкурсии боэътимоди мубориза бар зидди таҳдиду хавфҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Худшиносиву худогоҳӣ мафҳуми васеъ дошта, ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Ин падида барои ҷомеа, хусусан дар раванди ҷаҳонишавии тамоми қишрҳои ҳаёти ҷамъияти инсонӣ, заминаи устуворе ба ҳисоб меравад, ки дар оянда барои пойдории сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии кишвар, тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҳар як фард, бедории тафаккури миллат ва ҳифзи манфиатҳои милливу марзу буми Меҳан метавонад нақши ҳалкунандаро бозад.
Чӣ тавре, ки ба ҳамаи мо аён аст, воситаҳои ахбори омма аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои умдаи ҷомеаи навин тарбияи худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷикро шоистаи мақому мартабаи арзишманд ҳисобида, онро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҷассумгари сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду равнақи давлат ва Ҳукумати миллӣ муаррифӣ кардааст.
Маҳз ҷасорат, далерӣ ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар буд, ки дар раванди бедор намудани эҳсоси худшиносиву худогоҳии халқи тоҷик баҳри ташаккул ва рушди давлати миллӣ ва ифтихор аз Меҳани миллӣ гомҳои устувору умедбахш бардошта шуданд.
Бояд иброз намуд, ки яке аз сабабҳои шуру ошубҳо дар ибтидои солҳои навадуми қарни 20 ин хароб ва дар сатҳи паст қарор доштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон буд, ки халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ (1992) гирифтор кард. Маҳз фаъолияти ҳаррӯза ва талошҳои зиёди намояндагони воситаҳои ахбори омма буд, ки халқи тоҷикро ба эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ даъват намуда, ба роҳи сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллӣ, ҳурмату эҳтиром, бахшидани гуноҳҳои якдигар, ҳувият ва дигар анъанаҳои ҳастии миллии худро ҳифз намуда, дар тарбияи ҳисси инсондӯстиву ватандории халқу миллат ва кишвари Тоҷикистон саҳми бузурги худро гузошт. Масалан, дар воситаҳои ахбори омма – телевизиону радио, дар саҳифаҳои маҷалаю рӯзномаҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мунтазам воқеаҳо ва вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву адабӣ ва ахлоқии дохили кишвар ва хориҷи онро ба саҳми бинандагону шунавандагон ба хонандагони закиву андешаманд пешкаш менамуд. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати раванди тарбияи худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо маводи мавзуъҳое ба чоп расонида мешуданд, ки дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъсири бевоситаи худро мерасонд; ин ба монанди дар рӯзномаи «Минбари халқ» аз 29.11.2023 дар мавзуи «Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар масиру пасманзари истиқлоли сиёсӣ», «Тавони фикрӣ ва шинохти манофеи миллӣ», «Ватандӯстӣ заминаи рушди миллат аст», «Ҷумҳурият» аз 26.09.2023 дар мавзуи «Арзишҳои миллӣ. Ҳифзи онҳо асоси пойдории давлату миллат аст»;
«Баҳори Аҷам» аз 17.08.2021 дар мавзуи «Ҳифзи Меҳан қарзи ҳар инсон аст», «Ҷумҳурият» аз 25.01.2025 дар мавзуи «Бардошти мардум аз сафарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…» ва даҳҳову садҳои дигар метавонанд далели раднопазире бошанд.
Хуласи калом, воситаҳои ахбори омма дар таърихи фаъолияти худ роҳи пурпечутоб ва пуршараферо паси сар карда, дар раванди тарғиб ва ташвиқи ғояҳои пешқадам ва фазилатҳои ахлоқи неки инсонии давру замон, оммавигардонии қарору қонунҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ татбиқи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талқини руҳияи ободкориву созандагӣ, муаррифии муваффақиятҳо ва дастовардҳои кишвар, баланд бардоштани сифати ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми шоиста ва бениҳоят бузург дорад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти инъикоси воқеиёт ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир таҷрибаи гузаштаву имрӯзаи худро бо талаботи касбии замони муосир ҳамоҳанг карда, доираи фаъолияташро аз имрӯза дида, боз ҳам рангин, пурсамар ва пурмазмун мегардонад.
Омӯзиш ва таҳлили мавзуи таҳқиқшавандаи мазкур моро водор месозад, ки ба хулосаи зерин қаноатманд гардем:
– нақши воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи муҳимми тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст;
– воситаҳои ахбори омма дар заминаи тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон метавонад барои пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии кишвар, рушд ва пешрафти ҷомеа ва ҳифзи марзу буми Ватан шароити мусоидеро фароҳам оварад;
– дар шароити рушди ҷомеаи ҷаҳони муосир, аз ҷиҳати техникиву технологияи инноватсионӣ ва рақамӣ таъмин намудани тамоми воҳидҳои воситаҳои ахбори оммаи кишвар саривақтӣ буда, ба манфиати халқу миллат ва давлати миллии Тоҷикистон мебошад;
– дар раванди ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир, воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи муҳимми тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии бархе аз ҷавонон ба равияву гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва бегонапарастиву ифротгароӣ метавонад саҳми шоистаи худро гузорад;
– воситаҳои ахбори омма дар заминаи тарбияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони ҷомеа дар қалбу шуури онҳо сифатҳои ахлоқи волои инсонӣ, ба монанди инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, сабру таҳаммул, поквиҷдонӣ, ваҳдату якдилӣ, озодихоҳӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғайраро ташаккул ва рушд дода, дар парвариш ва ба воя расидани инсони комил ҳамҷавори халқу миллати Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бошад.
Қ.Абдураҳимзода,
И. Қодирӣ,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»