Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман, ҳамаи шоҳаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон
Матбуот (рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио, самоноҳои иҷтимоӣ, интернет, овезаҳо, онлайнӣ, ВАО-и электронӣ, маркетинг, реклама рақамикунонӣ ва технологияи инноватсионӣ дар журналистикаи нав ва ғайраҳо) ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ва тарбиякунандаи мардум ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат менамоянд. Рӯзнома -оинаи ҳаррӯзаи ҳамаи ҷомеаи пешқадам аст, ғайр аз ин имрӯз майдони сулҳу дӯстӣ низ матбуот аст, иттилоот – хабари хабарчии тамоми навгариҳо дунё аст. Дар ҳақиқат, нақши воситаҳои ахбори омма – матбуот дар ҳаёти ҷомеаи муосир беандоза бузург аст.
Матбуоти миллӣ дар асоси ташкил ва ташаккули матбуоти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омад. Дар давраи истиқлолият матбуоти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот ҳифзу ҳимояти манфиатҳои милливу давлатамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри ҷаҳонишавӣ муносибатҳои байналмилалӣ ва бархӯрдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеаи тоҷик, бахусус матбуот-воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад. Барои омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои рушди журналистикаи муосир, барраси муамоҳо, ҳалли масъалаҳои дурномаи журналистикаи тоҷик каме бошад ҳам, дар бораи таърихи матбуот маълумотро пешниҳод менамоям. Дар таърих аввалин матбуот, таърихи таъсисёбии газета- рӯзнома ба қарни 11 то мелод рост меоят. Аввалин газетаҳо дар Рими қадим ба табъ расидаанд.
Харчанд онҳо дар намуд ба маводи нашрии муосир монанд набуданд. Вале рисолаташон паҳн намудани иттилоот, яъне хабар буд. Ин қабл газетаҳо дар ибтидо хусусияти ғайрирасмӣ доштанд, баъдтар бо амри ҳокими давр Юлий Сезар воқеа ва навигариҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла маърӯзаҳои расмӣ, ҳисоботи давлатдорон низ дар онҳо ҷой дода мешуданд. Аввалин рӯзнома (ба маънии ҳақиқии имрӯза) бо номи «Навини пойтахт» 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рӯзномаи ҷаҳон «Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад. Танҳо дар асри ХУ1 шакли худро дигар намуд, он аллакай ба табъ мерасид. Вожаи «газета» аз номи тангаи итолиёвӣ «госети» пайдо шуда ва маҳз дар Венетсия нахустин марказҳо оид ба ҷамъоварии ахбор, агентиҳои иттилоотӣ ва пешаи журналистӣ – рӯзноманигорӣ пайдо шудааст.
Таърих гувоҳ аст, пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ дар таърихи матбуот таконе (инқилоб-револютсия) ба амал омад, ки маводи таъбу нашр бартарият пайдо кунаду теъдоди газетаҳо зиёд гарданд. Дар Россия аввалин газетаҳо дастӣ бо номи «Варақаҳои иттилоотӣ» ба табъ мерасиданд. Нахустин газета дар давраи Пётри 1, соли 1702 чоп шуд ва он «Ведомости» унвон дошт. Матбуоти тоæик, журналистикаи тоҷик баъди ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби Россия пайдо шуд. Дар зумраи аввалин нашрияҳо «Туркестанские ведомости», «Русский Туркестан», «Самарқанд» (аввалин мақолаҳои Маев, Бартольд, Андреев)ҳам буданд. Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки он бо забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷадидон ба вуҷуд омаданд. Ба ин гурӯҳ нашрияҳои «Оина», «Турон», «Хуршед», «Туҷҷор», «Шуҳрат», «Осиё», «Наҷот», «Иршод», «Вақт» низ дохил мешуданд, ки матни тоҷикӣ ва муҳтавои асосии онҳо шеър буд.
Матбуоти тоҷик дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфт. Соли ҳазор нӯҳсаду бисту панҷ рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ расид ва баъдан рӯзнома ва маҷаллаҳои дигар таъсис ёфтанд. Нависандаи маъруфи тоҷик Садриддин Айнӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро «Модари матбуоти тоҷик» номидааст.
Дар даврони Истиқлолият санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Мо бояд ба воситаи саҳифаҳои матбуоти даврӣ фарҳанг ва тамаддуносоз будани миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Вазифаи асосии матбуоти тоҷик бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва миллат бошад.
Дар ҳақиқат, матбуот якҷо бо аҳли ҷомеа метавонад дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе гурӯҳу ашхоси ноогоҳ, дар замири насли имрӯза ҷой додани ҳисси баланди ватандӯстиву ватанхоҳӣ саҳми арзанда гузорад.
Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар шаҳраки Когони назди Бухоро бо ташаббусиҷавонбухориён „ Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва бо дастгирии консулгарии Русия дар Бухоро аз 11-уми марти соли 1912 сар карда, «Бухорои Шариф» аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар ҳафтае 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст. Пас аз он дар шаҳри Самарқанд Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ маҷаллаи «Ойина» ва рӯзномаи «Самарқанд»-ро таъсис дод, ки ҳарду бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуданд. Яке аз журналистони асосии ин нашрияҳо Саидризо Ализода буд.
Заминаҳои рушд ва тамоюлоти журналистикаи тоҷик аз ҳамин таърих сарчашма мегиранд. Дар аввалин солҳои истиқлолият ба рушди матбуот эътибори махсус дода шуд. Соли 1991 дар кишвари мо 139 рӯзнома ва маҷалла (аз он 4 хусусӣ) нашр мешуд, вале имрӯз „ 621 рӯзнома ва маҷалла фаъолият мебарад. Аз ҷумла, 371 рӯзнома (109 давлатӣ, 262 хусусӣ), 243 маҷалла (113 давлатӣ, 130 хусусӣ), ғайр аз ин, 313 матбаа-типография (36 давлатӣ, 277 хусусӣ), 45 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ, 42 хусусӣ), 71 нашрия (10 давлатӣ, 61 хусусӣ), 11 агентии ахбор (1 давлатӣ, 10 хусусӣ) барои нашр, паҳн ва рушди матбуоти тоҷик саҳми амалӣ доранд. Ҳар яке аз онҳо дар ҳаёти мо мақому мавқеи илмии худро дорад. Дар замони печидаву пурҳаводиси муосир бе матбуот зиндагӣ кардан мушкил аст.
Мазмун ва моҳияти ҳар як рӯзнома дар эпиграфҳояш мухтасар баён шудааст. Матбуот бояд талошу заҳматҳои мардуми заҳматкаши кишвар, дастовардҳои арзандаи халқи тоҷик, табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, истиқлолият, чор ҳадафи созандаи давлату ҳукумат ва муносибатҳои байналмилалиро васеъ инъикос намояд, камбудиҳоро ошкор созад. Танҳо дар он сурат ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шуда метавонад.
Матбуот мактаби ҳаёт ҳам ҳаст. Ин майдони фаъолияти илмии ман ва майдони муборизаи ман барои умдатарин арзишҳои инсонӣ мебошад. Ман ҳамаи кормандони матбуотро бо рӯзи касбиашон табрик гуфта, ба фаъолияти онҳо муваффақият хоҳонам!
Матбуот – оинаи ҳаррӯзаи ҷомеаи пешқадам аст. Имрӯз майдони сулҳу дӯстӣ низ матбуот мебошад, иттилоот – хабарнигори тамоми навгониҳои дунёст. Ман бо шавқ рӯзномаҳоро мутолиа мекунам ва иди калони матбуоти тоҷикро ботантана истиқбол менамоем.
Ба нақши матбуот Пешвои миллат эътибори алоҳида дода, баён карданд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
Дар солҳои истиқлолият ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки аҳаммияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дуруст ташаккул додани мафкураи ҷамъиятӣ, алалхусус, муборизаҳои иттилооти бағоят калон ва дар фазои ҷаҳонишавии журналистика бениҳоят муҳим мебошад. Ба ин масъалаи муҳим замони ҳозира Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик, Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон (2000-2024) эътибори махсус дода, дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд гуфта, борҳо таъкид менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот, ки асри иттилоот номида мешавад ва мубориза барои тафаккур ва афкори омма аҳаммияти бештар папйдо кардааст, воситаҳои ахбори омма дар набардҳои иттилоотӣ ҳамчун силоҳи стратегӣ истифода мешаванд. Матбуоти пурқувват метавонад, бидуни шакку шубҳа, ҳатто сабаби низоъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ гардад. Яъне, дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот воситаҳои ахбори омма воситаи асосии таъсиррасон ба шуури ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо метавонанд афкори умумро шакл диҳанд, ба ташаккули руҳия ва худшиносии миллӣ мусоидат намоянд ва ба идоракунии раванди сиёсии мамлакатҳо таъсир расонанд. Барои ҳамин ҳам бежагиҳои забон ва услуби маводи медиаи муосир дар раванди руйдодҳои замон қувваи қудрати доранд.
Дар замони ҷаҳонишавии иттилоот кишварҳо воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун силоҳи геополитикӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар кишвар ҳодисаҳо ва воқеаҳои ҷаҳонро бо дарназардошти манфиатҳои худ инъикос мекунад. Бинобар ин, чӣ расонаҳои чопӣ ва чӣ электронӣ ҳамчун манбаи муҳим барои таҳлил ва пажӯҳиши воқӯеият метавонанд
далелҳои таҳлилшуда ва дақиқро пешниҳод кунад. Ба халқ имконият диҳанд, ки маълумоти боэътимодро дастрас кунанд ва бо гузоришҳои таҳлилӣ таъсири исттилооти бардурӯғро киҳиш диҳанд. Имрӯз қудрати расонаҳои иҷтимоӣ дар ташкил ва ташаккули афкори умум ва сиёсати ҷаҳонӣ бузург аст. Аз ин рӯ, барои муҳофизати худ аз таъсири манфии ҳамлаҳои иттилотӣ ва воситаҳои ахбори омма мо бояд саводи расонаи худро баланд бардорем. Бо тафаккури таҳлили ҳар ҳабарро баррасӣ намоем. Дар ин шароити таърихи, яъне, дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот дар қатори ҳамаи воситаҳои ахбори омма телевизиони миллӣ қувваи бузург доранд.
Дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот муаммо ва дурномаи асоси гузариш ба матбуоти рақамӣ ва рушди технологияҳои муосир тақозаи замони истиқлолият мебошад. Дар замони ҳозира Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди воситаҳои ахбори оммаи рақамиро дастгирӣ менамояд. Барои он, ки таҳаввулоти технологӣ дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот журналистикаро тағйир додааст. Дурномаи асосии матбуот бояд бо ин пешрафтҳа ҳамқадам бошанд. Ин раванд дар рушд ва тамоюлоти журналистикаи нави тоҷик мебошанд.
Дар солҳои охири истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва татбиқ гардидани «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радиои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020 ” 2024» гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Дар ин шароити таърихи, як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар самти таъмини амният иттилооти мамлакат, аз қабили Консепсияи амнияти иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи матбуоти даври ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дигар қабул карда шудааст.
Дар ин ҳуҷҷатҳо масъалаҳои рушди журналистикаи муосир, муаммоҳо, дурномаи рушд, масъалаҳои журналистикаи чандрасонӣ дар фазои иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, падидаҳои иттилоотиӣ, вежагиҳои забон, услуби маводи медиаи муосир, нақзи меъёрҳои ахлоқиву касбӣ дар раванди бархурдҳои иттилоотӣ, барномаҳои иртиботӣ, матнӣ, сохторӣ, нақди ва дизайнии осори адабӣ-публитсистӣ дар матбуоти замони ҳозира, ВАО-и электронӣ, маркетинг ва реклама дар низоми классикӣ ва мудерн, фазои ҷаҳонишавиижурналистика, вежагиҳои рӯзноманингорӣ дар шгароити рақамикунонӣ ва технологияи инноватсионӣ, масъалаҳои таълими фанҳои тахассусӣ дар мактабҳои олӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима гардидааст.
Дар замони истиқлолият нақши матбуот – воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ бениҳоят муҳим буда, борҳо таъкид намудаанд зарур аст, ки расонаҳо бояд шаффоф, воқеъбин ва масъулиятнок бошанд. Дар шароити ҳозира матбуоти давлатӣ ва мустақил ду шохаи асосии матбуоти миллии моро ташкил медиҳанд.
Ҳарду шохаи матбуот дар фаъолияти худ аз ҳуқуқи баробар бархӯрдоранд. Дар ҳаёт муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти давлатӣ мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар ҳамин ҳолат матбуот-воситаҳои ахбори омма вазифаи асосии худро адолатона иҷро карда метавонанд.
Дар солҳои истиқлолият яке аз муҳимтарин нишонаҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ки на танҳо ба таъсири муассири расонаҳо дар ташаккули афкори омма мусоидат намуд, балки ба тағйирпазирии он оварда расонид, пайдоиш ва густариши шабакаи умумиҷаҳонии интернет мебошад. Интернет дар рушди матбуот – воситаҳои ахбори омма аҳамияти муҳим дошта, бо як воситаи асосии ахбор мубуддал
гаштанд.Мо дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, яъне дар давраи истиқлолият, ки воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи чаҳонии интернет дар ташаккулу танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад. Яъне, дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад. Аммо аз интернет дуруст ва бо мақсади рушди ҷомеаи кишвар истифода бурдан зарукр аст.
Дар солҳои истиқлолият дар сомонаҳои муосир, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет, дар баробари иттилооти муҳимми зарурӣ инчунин, мутаассифона, маводи гуногуни носолимро низ пахш менамоянд, ки ба ахлоқи ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин росто, нақшу ҷойгоҳи рӯзноманигорон, ки васоити ахбори оммаро бо маводҳои гуногун таъмин мекунанд, хеле муҳим аст. Ин муҳиммият дар он ифода меёбад, ки ҳамаи мо бояд ба арзишҳои миллӣ садоқат дошта, манфиатҳои миллии Ватани соҳибистиқлоли худро дар фазои иттилоотӣ аз ҳар вақти дигар бештар ҳимоя намоем. Боиси тазаккур аст, ки дар ин ҷода журналист – рӯзноманигорони ватандӯсти мо ҳаррӯза хизматҳои арзанда анҷом дода, бо иттилои дурусти саҳеҳ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд. Журналисти ҳақиқӣ аз мутолиаи рӯзнома як нав лаззат мебаранд. Ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро низ пайваста пайгирӣ мекунанд.
Пеш аз давраи истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як телевизион доштем, ҳоло танҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 11 телевизион фаъолияти пурсамар мебаранд. Дар кишвар бошанд боз ҳам бисёртар телевизион фаъолият мебаранд. Барои ҳамин ҳам телевизиони миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот дар омӯзиш, таҳлили масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти мардуми тамаддунсози халқи тоҷик яке аз воситаҳои ахбори омма ҳисобида мешаванд. Ба шарофати соҳибистиқлол гаштани ҶТ, сол ба сол теъдоди шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон зиёд гардида, имрӯз ба 50 расидааст. Аз ин 15 телевизиони давлатӣ ва 35 телевизиони ғайридавлатии маҳаллии хусусиву ҷамъиятӣ мебошанд.
Дар ҳаёти мардуми давлатҳои мутараққӣ нақзи журналистон-рӯзноманигорон, аҳли қалам дар ифои рисолати касбиашон, ки инъикоси воқеии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа аст, ба муваффақияту дастовардҳои беназир соҳиб шуданд.
Мардуми тамаддунсозу бунёдкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи давлатдории навини худ- даврани истиқлолияти сиёсии давлати худ роҳи тараққиёти хешро муайян намуда, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқудунёвӣ ва ягонаро ихтиёр карданд. Дар ҳақиқат, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёдро дар замони мо бе иштироки фаъоли воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, матбуоти даврӣ – воситаҳои ахбори омма яке аз пояҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Матбуот дар ҳаёти мардуми ҷаҳон ҳамчун тарғиботчию ташвиқотчии ҷомеави (агитатор ва пропагандисти коллектив) хизмат карда меоянд. Матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи таъмини озодии сухан, ваҳдати миллӣ, рушди кишвар, дӯстии халқҳо, меҳру муҳаббат, тарбияи ҷавонон, ошкорбоёнӣ, адолатпарварӣ, маорифпарварӣ, маърифатпарварӣ, назорати ҷомеа, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иттилоърасонӣ ва ташаккули афкори умум хизмат мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки масъалаҳои рушди журналистикаи муосир дар дпавраи истиқлолият бо қадри имкон роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти сиёсии давлатӣ дар ҷодаи татбиқи сиёсати созанда ва пуштибонии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи матбуоти длаврӣ – воситаҳои ахбори омма ба пешрафтҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, дар солҳои истиқлолият шумораи расонаҳои мустақил ва ҷамъияти афзоиш ёфт.
Барои инкишофи матбуоти даврӣ қонунҳои нав дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма қабул гардид ва як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тавсиб расиданд, ки барои рушди васоити ахбори омма, масъалаҳои таълими фанҳои тахассусӣ дар мактабҳои олӣ ва дигар муаммоҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар замони ҳозира воридшави ба фазои рақамӣ ва рушди журналистикаи онлайн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба афзоиши иттилоърасонӣ мусоидат намуд. Дар кишвар рушди журналистикаи касбӣ тавассути тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Дар Тоҷикистон донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ, аз ҷумла кафедра ва факултетҳои мактабҳои олӣ барои омода кардани кадрҳои ҳирфавии соҳа мунтазам фаъолият менамоянд. Ғайр аз ин, бо мақсади рушди соҳаи матбуот – воситаҳои ахбори омма дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Академияи васоити ахбори омма таъсис дода шуд.
Барои ҳалли масъалаҳои рушди журналистикаи муосир, муаммоҳо, дурнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хукумати кишвар ёрии амалӣ мерасонанд, форумҳо ва семинарҳо барои такмили ихтисоси рӯзноманигорон баргузор мешаванд. Ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем, Пешвои миллат, Президенти кишвар дар мавриди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма борҳо изҳори назар карда, нақши онро дар рушди ҷомеа муҳим ва ҳалкунанда арзёбӣ кардаанд. Пешвои миллат матбуоти даврӣ -воситаҳои ахбори оммаро «ойинаи ҷомеа» номида, таъкид мекунанд, ки «воситаҳои ахбори омма бояд воқеиятро инъикос кунанд ва ба рушди маърифати сиёсӣ, иҷтимоиқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намоянд». Дар солҳои истиқлолияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари кишвар расман ба муносибати нашр гардидани аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф», ки 11-уми марти соли 1912 рӯйи чоп омадааст, расман таҷлил мегардад ва ин сана ҳамчун иди касбии кормандони матбуоти даврӣ – воситаҳои ахбори омма матбуот ва табъу нашр ҷашн гирифта мешавад. Хулоса матбуоти тоҷик имсол 113- сола шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар замони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди матбуоти даврӣ – воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти бенуқсони расонаҳо тамоми заминаҳои ҳуқуқи ва шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар фазои иттилоотии мо барои як хонандаи одӣ маълумоти фаровоне дастраст аст. Дар журналистикаи миллӣ баъзе муаммоҳо ҳастанд, ки онро дар асоси талобота замони муосир ҳал карданамон зарур аст. Аксарият истифодабарандаи интернет ҳастанд, аммо маводҳои онро на ҳама дуруст қабул карда наметавонанд. Рӯзномаҳои кишвар барои хонандагон на ҳамеша матолиби ҷолиб доранд. Баъзан, журналистон ва рӯзномаҳои мо хонандаро фаромӯш мекунанд. Барои бедор кардани майлу рағбати хонада бисёртар кор кардан зарур. Масалан, вақте хонада ба ин ё оннашрия эътимод пайдо мекунад ва онроба ин ё он восита дастрас менамояд, бояд дар он зиндгаашонро бинад ё муаммоашро бишносад, ё ягон чизи ба ҳаёташ иртиботдоштаро бихонад. Вақте орзуву омолашро намебинад, талаботаш қонеъ намегардад, эътимодаш суст мешавад. Имрӯз бо имконоте, ки технологияи навид дорад рӯзномаҳо дар шинохти завқи хонандагон кор кунанд. Журналистон омӯзишҳои сотсиологӣ гузаронанд, мизҳои мудаввар ва семинарҳо бо ширкати хонандагону коршиносон баргузор карда, рӯзномаҳоро муҳокима кунанд, завқи аудиторияашонро бишиносанд. Барои моҳияти воқеаҳо дарк кардан рӯзноманигорони таҳлилгар лозиманд.
Ман, ҳамчун устод-омӯзгор, маррих, олим, муҳаққиқ ва журналист аз давраи талабаи мактаб буданам ба рӯзномаҳо обуна шуда меоям. Бо қадри имкон дар китобхонаҳо ҳамаи матбуоти давриро мехонам ва ба маводҳои ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳо, воситаҳои ахбори омма шинос мешавам. Барои олим- муҳаққиқ шуданам саҳми матбуоти даврӣ беандоза калон аст. Дар матбуоти даври зиёда аз 3500
мақолаҳо ман нашр шудааст. Ҳаёт бе камбуди намешаванд, аз он ҷумла матбуоти даврӣ ҳам аз ин ҳоли нест. Дар назди журналистон ва нашрияҳои матбуоти даврӣ сари таъзим меорам, ки дар рушди ҳаматарафаи кишвар нақши онҳо бениҳоят муҳим аст.
Барои баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ матбуот роҳу равиши худро пайдо кунад, дар натиҷа иртиботи коршиносону мутахассисон бо матбуот мустаҳкам мегардад, шумораи хонандаи рӯзномаҳо зиёд мешаванд. Қонунгузории кишвар барои фаъолияти журналистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Журналистон дар фикри ободии мамлакат ҳастанд, агар онҳо мушкилотро мегӯянд, ҳадаф тслоҳ ва бартараф кардани он аст. Журналист ҳам фарзанди ҳамин мардуми Ватан аст.
Дастовардҳоро васф мекунанду камбудиҳоро ошкор. Дар навбати худ журналистон низ шароитро бояд ба назр бигиранд. Сухани журналистон ва танқиди онҳо бояд бошад ва ба манфиати миллату давлат равона шуда бошад. Дар замони ҳозира мо барои ҳалли масъалаҳои рушди журналистикаи муосир, муаммоҳо ва дурномаашро бо қадри имком саҳм гузорем. Ба матбуоти рақамӣ ва рушди технологияҳои муосир тақазои замони нав мебошад. Дар иҷрои вазифаи асосии аҳли матбуот саҳми сазовори худро гузорем!
Н. Эркаева,
Донишгоҳи Шарқии Мичиган (ИМА)
С .Эркаев,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»